Дар Душанбе маросими баимзорасонии Созишномаи маблағгузорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушди Бонки ҷаҳонӣ доир шуд

Май 21, 2021 15:48

ДУШАНБЕ, 21.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. 21 май дар  Вазорати молия маросими баимзорасонии Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушди Бонки ҷаҳонӣ барои ҷудо намудани маблағгузории иловагии “Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон” дар ҳаҷми 21,2 млн доллари амрикоии грантӣ баргузор гардид.

Созишномаи мазкурро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ – Намояндаи доимии ин бонк дар Тоҷикистон Ян Питер Олтерс ба имзо расониданд.

Маблағгузории иловагӣ барои дастгирии соҳаи тандурустии мамлакат тавассути харидорӣ намудани ваксинаи зидди бемории сироятии COVID-19, воситаҳои ҳимояи шахсӣ, воситаҳои ташхиси COVID-19, таҳкими заминаи институтсионалии соҳа барои таъмини густариши бехатар ва самараноки ваксинаҳо, дастгирии системаи иммунизатсия ва таълими кормандоне, ки ваксинатсия мегузаронанд, пешбинӣ гардидааст.

Инчунин дар доираи Лоиҳа харид ва таҳвили таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла истгоҳҳо барои пуркунии оксигени адсорбсияи кӯтоҳдавра, харидории воситаҳои терапевтӣ барои табобати COVID-19 ва хариди ваксинаҳо бар зидди сурхак, паротити эпидемикӣ ва дигар сироятҳои мавсимӣ барои эҳтиёҷоти барномаи эмгузаронии нақшавӣ дар назар дошта шудааст.

Ҳамзамон дар доираи гранти болозикр пардохти кумакпулии яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ кӯдакони хурдсол ва маъюб доранд, инчунин насби системаи иттилоотии кумакҳои иҷтимоӣ ҷиҳати тақвият бахшидани иқтидорҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ карда мешавад.

Май 21, 2021 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд