Дар Душанбе оид ба «Баланд бардоштани нақши мақоми шаҳрак ва деҳот дар сохтори давлатдории муосир» конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Баланд бардоштани нақши мақоми шаҳрак ва деҳот дар сохтори давлатдории муосир» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар конфронс муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Муҳаммад Султонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Қосим Роҳбар зикр намуд, ки дар ҳудуди мамлакат 430 адад мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар воҳиди маъмурию ҳудудии 369 адад деҳот ва 61 адад шаҳрак фаъолият мебаранд, ки дар ҳудуди онҳо 8 млн 403 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ менамоянд.
«Идоракунии маҳаллӣ яке аз падидаҳои калидии сиёсати давлатӣ буда, нақши он дар амалишавии сиёсати умумидавлатӣ ба сифати омили муҳим арзёбӣ мешавад. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ислоҳоти идоракунии маҳаллӣ корҳои зиёде ба анҷом расида бошанд ҳам, бо вуҷуди ин ҳоло ҳам мушкилот ба назар мерасанд, ки ҳалли онҳо барои баланд бардоштани мақоми шаҳрак ва деҳот дар сохтори давлатдории муосир мусоидат менамояд»,- гуфт мавсуф.
Муовини якуми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода дар мавзӯи «Рушди сайёҳӣ ҳамчун манбаи афзоиши даромад дар сатҳи маҳаллӣ барои баланд бардоштани мақоми шаҳрак ва деҳот» иброз дошт, ки бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ дигаргуниҳои куллӣ ба миён омада, бо ташаббуси Сарвари давлат дар қатори дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ дигаргуниҳои муҳим амалӣ шуданд.
-Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои садҳо ёдгориҳои бостоншиносӣ, манзараҳои истироҳатӣ, обҳои шифобахш ва табиати нотакрор аст, ки истифодаи оқилонаи онҳо ба рушди маҳал ва пешрафти иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд. Дар ин замина сиёсати дарҳои бози Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди илмиву фарҳангӣ барои муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари амну осоишта ва воқеан дорои захираҳои бойи сайёҳӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат намуд. Барои ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ дар мамлакат даҳҳо иншооти фарҳангӣ бунёд гардида, шумораи сайёҳон пайваста меафзояд,- гуфт Ҳабибулло Амирбекзода.
Мақсад аз баргузории конфронси ҷумҳуриявии «Баланд бардоштани нақши мақоми шаҳрак ва деҳот дар сохтори давлатдории муосир» шиносоии роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз вазъият, дастовардҳо, мушкилоти мавҷудаи фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва таҳияи таклифу пешниҳодот оид ба баланд бардоштани мақоми шаҳрак ва деҳот дар сохтори давлатдории муосир мебошад.
Зимни конфронс иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда табодули назар намуда, доир ба баланд бардоштани мақоми шаҳрак ва деҳот мубодилаи афкор намуданд.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз Кумитаи рушди маҳал








Нақшаи рушди низоми энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муаррифӣ гардид
Хоҷагидорони ноҳияи Вахш аз як замин чанд ҳосил ба даст меоранд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ. 37 нуқтаи назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон фаъолият доранд
Дар Агентии обуҳавошиносӣ риояи Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият дар доираи Созишномаи Парижро баррасӣ карданд
Масъалаи таъсиси корхонаи коркарди пашм ва бунёди боғи пистаи туркӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ ҳамоиш баргузор шуд
Байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкатҳои «Канзи Диёр», «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расид
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Рашт оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор шуд
Масъалаи таъсиси парки муштараки саноатии Тоҷикистону Эрон баррасӣ карда шуд
Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони мақомоти алоқаи кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Беларус ҳамкории зиддикоррупсиониро тақвият мебахшанд
Дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва иқлим дар «Eco Expo Central Asia 2026» муаррифӣ гардид






