Дар Душанбе оид ба сабабҳои зӯроварӣ дар оила ва роҳҳои пешгирии он конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд

Май 12, 2021 09:04

ДУШАНБЕ, 12.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила, ки 15 май таҷлил мешавад, дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони “Сабабҳои зӯроварӣ дар оила ва роҳҳои пешгирӣ намудани он” бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд.

Дар конференсия ректори донишкада, доктори илмҳои филология, профессор Ҷило Гулназарзода, судяҳои суди ноҳияи  Синои шаҳри  Душанбе Нигора Назарзода, Аҳмад Бобозода, прокурори шуъбаи назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ-оилавӣ ва маъмурии прокуратураи шаҳри Душанбе Солеҳҷон Ҳомидзода, мушовири Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ ва дигарон ширкат доштанд.

Ректори донишкада вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила иброз дошт, ки ҳар гуна муноқиша фазои солими хонаводаро вайрон карда, боиси ба миён омадани нобоварӣ, бедоршавии ҳисси нафрат ва аз байн рафтани муҳаббату самимият мегардад.

— Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои ногувор дар мамлакат 19 марти соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардид. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаи субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабабу шароити ба он мусоидаткунанда муайян менамояд, — илова намуд ректор.

Сипас, меҳмонон дар мавзӯъҳои “Ҳамкории байниидоравӣ ҳамчун асоси маҷмӯаи пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон дар муносибатҳои оилавӣ”, “Масъалаҳои зӯроварӣ дар оила мувофиқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои аъзои ИДМ”, “Омилҳои пайдоиши зӯроварӣ дар оила”, “Фаъолияти гурӯҳҳои кории байниидоравӣ дар пешгирии зӯроварӣ дар оила. Вазифаҳо, муваффақият ва дурнамо” ва “Зӯроварии оилавӣ” маърӯзаҳои пурмазмун карда, нуктаҳои муҳими онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 15 май дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад. Ин рӯз соли 1994 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст.

 АКС аз ДДЗТ

Май 12, 2021 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд