Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Россия идома доранд

Май 26, 2021 11:48

ДУШАНБЕ, 26.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои фарҳанги Россия аз 24 то 27 май дар Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон дар Душанбе баргузор мешаванд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Ин барномаи фарҳангӣ аллакай ба ҳукми анъана даромадааст ва ҳар сол доираи худро васеъ мекунад. Имсол дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Россия фестивали II синамоии  филмҳои донишҷӯён бо номи «Рангҳои ватани азиз» баргузор гардид, ки ба асосгузори филмҳои мустанад дар Тоҷикистон Василий Кузин бахшида шуда буд.

Дар маҷмӯъ, донишҷӯён 6 филми мустанади кӯтоҳро дар мавзӯъҳои мухталиф пешкаши ҳакамон карданд.

Шоҳҷоизаи фестивали киноро донишҷӯёни бахши рӯзноманигорӣ барои филми «Мубориз», ки дар он мушкилоти иҷтимоӣ ва вазъи маъюбон мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, ба даст оварданд. Қаҳрамони филм, сарфи назар аз мавқеаш, шахси мусбат, фаъол ва некхоҳ аст, ки ҳисси шаъну шарафи инсонии худро гум накардааст. Инчунин филмҳо доир ба Ҷанги дуюми ҷаҳон, либосҳои суннатии тоҷикон ва дигар мавзӯъҳо пешниҳод шудаанд.

Имрӯз конфронси илмии донишҷӯён «Фазои фарҳанги ҳаррӯзаи халқҳои Россия» баргузор мешавад, ки зимни он донишҷӯён дар мавзӯъҳое, аз қабили «Хусусиятҳои ғизои халқи рус», «Моҳияти ҷавоҳирот дар фарҳанги Россия», «Оила ҳамчун арзиш дар фарҳанги анъанавии русӣ», «Ҷойгоҳ ва нақши забони русӣ дар Тоҷикистон» маърӯзаҳо пешниҳод мекунанд.

Илова бар ин, Татяна Зимина, корманди пешбари илмии шуъбаи этнографияи халқи рус аз Осорхонаи этнографии Россия дар Санкт-Петербург дар мавзӯи «Либоси анъанавии славянӣ» онлайн – маърӯза мекунад.

Тавре ки зимни суҳбат мудири кафедраи фарҳангшиносии Донишгоҳи славянии Россия — Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Олга Ладигина зикр кард, дар донишгоҳ Рӯзҳои фарҳанги Россия дар қатори Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешаванд. «Имсол як хусусияти дигар ин буд, ки дар озмуни хониши ифоданоки асарҳои нависандагон ва шоирони Россия асарҳо на танҳо ба забони русӣ, балки ба забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва немисӣ низ қироат шуданд. Мо кӯшиш мекунем, ки донишҷӯёнро бо фарҳанги русӣ шинос ва онҳоро ба омӯзиши забони русӣ ҷалб кунем. Дар ин хусус Президенти мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ҳарф задаанд»,-иброз дошт мусоҳиб.

Рӯзҳои фарҳанги Россия 27 май ба поён мерасанд.

АКС аз сомонаи ДСРТ

Май 26, 2021 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд