Дар Душанбе рушди бозори суғурта ва дурнамои он баррасӣ гардид

Май 11, 2021 14:02

ДУШАНБЕ, 11.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Суғурта яке аз унсурҳои таркибии иқтисодиёт маҳсуб ёфта, дар шароити муносибатҳои бозорӣ ба ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат менамояд. Чунин зикр шуд дар ҳамоише, ки дар мавзӯи «Мушкилоти суғурта дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил» дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ) бо иштироки роҳбарият, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, ҳайати олимону устодон ва донишҷӯён доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Муовини якуми ректори ДДТТ Саймаҳмуд Саидов гуфт, ки ҳамоиш бо мақсади иҷрои  протоколи ҷаласаи 15-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии давлатҳои аъзои ИДМ гузаронида мешавад.

Зикр гардид, ки ДДТТ дар доираи ҳамкории судманд ва татбиқи нақшаву барномаҳои таълимӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон барои омода намудани мутахассисони баландихтисос саъй намуда, минбаъд омодагии худро баҳри тайёр кардани мутахассисони касбии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат иброз медорад.

Сардори Идораи назорати суғуртавии БМТ Дилбар Ҳусейнова ҳамчун намояндаи танзимгари бахши суғуртаи кишвар баргузории ҳамоишро омили муҳими рушд ва таҳкими низоми суғуртаи Тоҷикистон унвон намуд. Мавсуф ҳамзамон дар мавзӯи «Масъалаҳои суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамои рушди он» гуфт, ки БМТ ҳамчун мақоми танзимгар фаъолияташро  ба таҳкими заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ, таҳияи шароити мусоид ҷиҳати ҷалби бештари сармоя, аз ҷумла сармояи хориҷӣ, фаъолияти озоди ташкилоти суғуртавӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи суғуртаи кишвар равона намудааст. Минбаъд низ БМТ барои таъмини устувории бозори суғурта, ба даст овардани эътимоди аҳолӣ ва дар маҷмӯъ, рушди низоми суғуртаи кишвар тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Дар ҳамоиш  ҳамчунин аз ҷониби устодони донишгоҳ дар мавзӯъҳои «Рушди бозори суғурта дар Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамои он», «Мушкилоти мубрами рушди бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ташаккули низоми суғуртаи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза ва рӯнамоиҳо манзур гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамчун муассисаи асосӣ дар сатҳи давлатҳои аъзои ИДМ оид ба тайёр намудан, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон дар соҳаи суғурта пазируфта шуда, дар самти омода намудани кормандони ояндаи ин самт саҳми арзанда дорад.

Аксҳо аз Бонки миллии Тоҷикистон

Май 11, 2021 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд