Дар Душанбе таҳти унвони «Амнияти зеҳнӣ дар низоми амнияти миллӣ» ҳамоиш гузаронида шуд

Май 21, 2021 14:20

ДУШАНБЕ, 21.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Амнияти зеҳнӣ дар низоми амнияти миллӣ»  бо иштироки коршиносону мутахассисони ҷумҳурӣ ҳамоиш  баргузор гардид.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Хуршед Зиёӣ дар мавзӯи “Ҷангҳои менталӣ дар ҷаҳони муосир ва мавқеи Тоҷикистон дар раванди муборизаҳои иттилоотӣ” маърӯза намуда, зикр дошт, ки  “ҷангҳои менталӣ ҳамчун зӯроварии иттилоотии психологӣ, зеҳнӣ ва идеологӣ тавассути истифода аз воситаҳои миқдоран ва сифатан бешумори маънавии моддӣ сурат мегирад. Истодагарӣ бар зидди ҷанги менталӣ дорои роҳи ягона аст, ки ин тақвияти рӯҳияи халқ ва шаҳрвандони алоҳида, муҳаббати самимии онҳо ба марзу буми худ ва соҳиб будан ба эҳсоси волои ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мебошад”.

Дар ҳамоиш зикр шуд, ки амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб  мераванд. Аз ин ҷост ки ҳоло таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад. Давлат замоне  рушд мекунад, ки шаҳрвандонаш аз нигоҳи ақливу зеҳнӣ мустаҳкам ва тафаккури солим дошта бошанд.

Коршиносон муайян намудаанд, ки зери мафҳуми амнияти миллӣ таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ ба арзишҳои миллӣ ва тарзи ҳаёти солими инсонӣ ва таҳти маҳфуми амнияти зеҳнӣ масъалаҳои вобаста ба иқтидори зеҳнии миллат, нигоҳ доштани маҳсули меҳнати фикрӣ ва ҳимояи меҳнати зеҳнӣ фаҳмида мешавад. Вайроншавии амнияти зеҳнӣ барои мардум оқибатҳои генетикӣ ба вуҷуд оварда,  ба генафонди меҳнат таъсири манфӣ мерасонад.

Дар ҳамоиш дар мавзӯъҳои “Ҷангҳои менталӣ дар ҷаҳони муосир ва мавқеи Тоҷикистон дар раванди муборизаҳои иттилоотӣ”, “Амнияти зеҳнӣ – ҷузъи муҳими амнияти миллӣ”, “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҳамчун кафили амнияти зеҳнӣ дар низоми амниятӣ миллӣ”,  “Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон – калиди амнияти иттилоотӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ”, “Омилҳои асосии муҳоҷирати зеҳнӣ ва роҳҳои пешгирии он” ва ғайра маърӯзаҳо шунида шуданд.

 

Май 21, 2021 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — САРЧАШМАИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кай ва барои чӣ бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд?
Намояндагони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии AMEE 2026 иштирок доранд
Ҳамкории мақомоти судии Тоҷикистон ва Кувайт густариш меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод санги асоси фурудгоҳи маҳаллӣ гузошта шуд
Дар Тошканд масоили ҳифзи ҳуқуқи инсон дар шароити трансформатсияи рақамӣ баррасӣ шуд
Тоҷикони муқими шаҳри Хабаровски Русия 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ дар маркази сиёсати Пешвои миллат қарор дорад
Дар Душанбе Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ таъсис дода мешавад
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсӣ барномаи фарҳангӣ доир шуд
Ба ноҳияҳои Тоҷикистон 18 нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ конференсияи илмӣ–амалӣ доир гардид