Дар Душанбе таҳти унвони «Президент, ҷавонон ва илми муосир» конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид

Май 25, 2021 16:18

ДУШАНБЕ, 25.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ дар мавзўи «Президент, ҷавонон ва илми муосир» баргузор гардид. Дар конфронси мазкур намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҷоизадорони ба номи Исмоили Сомонӣ, гирандагони стипендияи Президентӣ ва шаҳрӣ, олимону муҳаққиқони ҷавон, намояндагони ҷавони вазорату идораҳо иштирок намуданд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар конфронс  Раиси Кумита Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, ки имрӯз ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, ворисони асили миллати тамаддунофари тоҷик, матину қавиирода ва далеру шуҷои кишвар, дар тамоми самту соҳаҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо боварии комилу ғайратмандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб гузошта, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат намуда истодаанд.

Имрӯз ҷавонони мо такягоҳ, умед ва ифтихори давлату  ҷомеа ба шумор рафта, дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақш ва мавқеи басо муҳимро касб кардаанд.

«Ҷавонони мо имрўз аз зумраи саодатмандтарин наслҳо мебошанд, ки даврони ҷавонии онҳо ба чунин айёми зебову нусрат, тинҷиву амонӣ, тараби сури Истиқлолият, ҳамбастагиву ҳамдилии инсонҳо ва пайравӣ ба Пешвои муаззами миллат рост омадааст.

Ҳамаи ин саодату шарофат аз баракати Истиқлолият ва ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки нисбати тақдири имрўзу фардои ҷавонони мо таваҷҷуҳи хоса доранд ва барои ин парчамбардорони фардои бақои миллати мо дар ҳама ҷодаҳо хидматҳои бедареғи худро нисор мефармоянд»,- афзуд А. Раҳмонзода.

Дар ҷомеаи имрўза барои пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст. Чунки, ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав ва нерўи муҳими пешбарандаи иқтисодӣ буда, истифодаи васеи фановарии муосирро дар истеҳсолот ба хубӣ таъмин карда метавонанд.

-Ҷавонони бонангу номуси мо дар тӯли 30 – соли истиқлолияти давлатӣ дар рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми муносиб гузоштаанд, ки баробар ба садсолаҳост,- зикр шуд дар конфронс.

Баргузории мулоқоти навбатии Пешвои муаззами миллат бо ҷавонони мамлакат дар соли таърихӣ – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин худ нишонаи олии эҳтирому боварии Пешвои миллат ба ин насли воқеан ҳам ояндасози кишвар мебошад.

Тавре  Пешвои миллат зимни мулоқоти  худ таъкид намуданд, «Ҳадафи бузурге, ки мо дар назди худ гузоштаем, яъне ба сатҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон баровардани давлати тоҷикон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки ҷавонони мо то чӣ андоза дар самти азхудкунии дастовардҳои илму техника ва технологияҳои муосир, инчунин, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ҷаҳду талош менамоянд».

Рӯй овардан ба илм, илмомӯзӣ ва бахусус илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои рушди устувори иқтисоди мамлакат ва таъмини рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳон қадами устувор мегузорад.

Пешвои муаззами миллат бо дарназардошти вазъи воқеии ҷаҳони имрӯза ва рушду тарақиёти илми муосир ва ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 – 2040 — ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд.

Дар ин раванд, амалӣ намудани ин иқдом ва таҳкимбахши рушди воқеии иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар ва ҷаҳонбинии илмӣ вазифаи ҳар як фарди худогоҳу худшинос, тамоми зинаҳои таҳсилот ва муассисаҳои таълимӣ, мақомоти давлатӣ ва аҳли зиёи мамлакат мебошад.

Дар баробари ин, бояд ҷавонони мо ҳамқадами замон бошанд ва аз имконияту шороитҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати кишвар мақаднок истифода бурда, тафаккури техникии худро боз ҳам баланд бардоранд.

Дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон ва Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030 имкон фароҳам меоранд, ки мо минбаъд низ механизми сиёсати давлатии ҷавононро боз ҳам беҳтар ба танзим дароварда, нақш ва мавқеи ҷавононро дар ҳаёти сиёсию иқтисодии кишвар устувор гардонем.

Май 25, 2021 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи амалишавии гранти Хазинаи глобалӣ баррасӣ гардид
Барои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда занону духтарони болаёқат ба забономӯзӣ ҷалб гардидаанд
Дар се моҳи соли 2024 дар ноҳияи Балҷувон 87 нафар ба нафақа баромаданд
«Сомон Эйр» дар масири Хуҷанд-Урумчӣ-Хуҷанд парвозҳои мустақим анҷом медиҳад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз раъду барқ, жола ва шамолҳои бошиддат ҳушдор медиҳад
Муассисаҳои тиббии Тоҷикистон соҳиби дастгоҳҳои муосир гардиданд
Интиқоли ғайриқонунии беш аз 4 тонна гӯшти мурғ пешгирӣ карда шуд
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР!». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон меҳмони ноҳияи Рӯдакӣ шуданд
Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» муайян шуданд
МОҲВОРАИ ҶАВОНОН. Вазъи фаъолияти шуъбаву бахшҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Дар шаш минтақаи Тоҷикистон сел ба амал омад
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид