Дар Душанбе ва Хуҷанд Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Россия. Тоҷикистон-2021» доир мешавад
ДУШАНБЕ, 17.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 19-22 май дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Россия. Тоҷикистон-2021» баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар намоишгоҳ иштироки намояндагони якчанд донишгоҳҳо аз тамоми минтақаҳои Федератсияи Россия дар назар аст.
Дар кори намоишгоҳ-ярмарка намояндагони муассисаҳои таълимӣ ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигарон, ки хоҳиши таҳсил дар мактабҳои олии Федератсияи Россияро доранд, дар бораи таълимгоҳҳои мазкур маълумот дода, онҳоро бо касбу ихтисос ва шароити таҳсил шинос менамоянд.
Инчунин тибқи нақша, гузарондани чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла вохӯрию гуфтушунидҳо дар бобати ҳамкорӣ ва таҳсили донишҷӯён дар муассисаҳои ҳамдигар пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Россия. Тоҷикистон-2021» 22 май дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад.
Намоишгоҳ-ярмаркаи мазкур аз ҷониби намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Вазорати маориф ва илми ҶТ бо дастгирии сафорати Россия ва Вазорати илм ва таҳсилоти олии Россия ташкил карда мешавад.








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






