Дар Исфара ба оилаҳои зарардида кумак расонида шуд

Май 4, 2021 09:33

ДУШАНБЕ, 04.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара ба 8 оилае, ки дар муноқишаҳои наздисарҳадии рӯзҳои охир аъзои он қурбон шуданд, инчунин ба 16 оилаи захмбардоштагон, 16 оилаи зарардида ва 10 оилаи маъюбдошта маводи хӯрока,  аз қабили орд, равған, биринҷ ва шакар кӯмак расонида шуд. 

Тавре аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара ба АМИТ  «Ховар» хабар доданд, иқдоми мазкур аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳри Исфара Савриддин Раҷабов, раиси ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Шукурҷон Насриев ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Суруридин Зиёваддинзода дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, минбаъд низ идома меёбад.

Номбурдагон ба оилаҳои зикршуда рафта, бо шароити  зисти онҳо шинос шуда, кумакро дастрас намуданд.

Ёдовар мешавем, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоди корӣ ташкил гардида, манзилҳои истиқоматии сокиноне, ки бар асари муноқишаҳои марзӣ, ки охири моҳи апрели соли равон рух доданд,  хароб шудаанд, дар муддати як моҳ пурра барқарор мешаванд. Дар ин бора 3 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни машварати корӣ изҳор дошт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, хонаҳои нафароне, ки аз даргириҳо осеб дидаанд, дар фурсатҳои кутоҳтарин ба таъмир фаро гирифта мешаванд. Ҳамзамон аз тарафи давлат ба оилаҳои зарардида, захмиён ва қурбоншудагон кӯмакҳои моливу пулӣ дастрас мегардад.

Май 4, 2021 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд