Дар Кӯлоб корҳо дар самти рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд
ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кӯлоб корҳо дар самти рафъи оқибатҳои фалокати табиӣ идома доранд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
То 18 май корҳои бартарафсозии оқибати фалокат дар кӯчаҳои Содиқов, Хати Роҳ, Корвонгузар, Нонбойии Поён, Суғдиён, Чармгарони Поён ва Нурафшони Кӯлоб сурат гирифтаанд.
Дар корҳои барқарорсозӣ хизматчиёни ҳарбӣ, наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ иштирок намуда, техникаи махсус ҷалб карда шудааст.
Бо мақсади риояи меъёрҳои беҳдоштӣ — эпидемиологӣ дар хонаҳои истиқоматӣ, ҳавлиҳо ва кӯчаҳо ҳар рӯз корҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд.
Аҳолии зарардида рӯзе се маротиба бо хӯроки гарм таъмин карда мешавад, бунгоҳи тиббӣ низ фаъол аст.
Барои ҳамоҳанг сохтани фаъолияти муштараки вазорату идораҳо ва расонидани кумак ба аҳолии зарардида Ситоди таъҷилии ҷумҳуриявӣ оид ба рафъи оқибатҳои фалокати табиӣ ба таври шабонарӯзӣ кор мекунад.
Нимаи аввали ҳар рӯз шаҳрвандон пазируфта ва натиҷаҳо дар маҷлис ҷамъбаст карда мешаванд.
Ҳафтае ду маротиба ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии таъҷилӣ бо иштироки роҳбарони сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баргузор мешавад.
АКСҲО аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар назди Ҳукумати ҶТ











Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






