Дар маҳаллаи Мевагули Хуҷанд мағозаи «Олами паранда ва ҳайвонот» ба фаъолият оғоз намуд

Май 16, 2021 09:04

ДУШАНБЕ, 16.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи Мевагули шаҳри Хуҷанд мағозаи «Олами паранда ва ҳайвонот» кушода шуд,   ки дар маросими ифтитоҳи он роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят, Кумитаи бехатарии озуқавории вилоят, табиатдӯстон ва сокинони маҳалла иштирок намуданд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки мағозаи «Олами паранда ва ҳайвонот» бо мақсади тарғиби зебоипарастӣ ва табиатдӯстӣ, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ташкил гардида, беш аз 25 намуди паранда, зиёда аз 50 намуди моҳичаҳо, 10 намуди гурба, якчанд намуди хазандаю ҳашароти баҳрӣ бо шароити зарурии нигоҳдорӣ барои тамошо ва фурӯш гузошта шудаанд.

Дар мағоза ҳамчунин маводи хӯрокаи парандаю ҳайвонот, ки истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ ва хориҷианд, ба фурӯш гузошта шуда, барои нигоҳдории паранда ва ҳайвонот қафасҳои гуногун ва аквариумҳои муосир пешниҳоди харидорон гардидаанд. Дар ин мағоза тамоми таҷҳизоти марбут ба нигоҳдорӣ ва истифодаи олами ҳайвонот мавҷуд мебошад.

Дар маркази вилояти Суғд ба ғайр аз бозори паранда ин сеюмин мағозаи «Олами паранда ва ҳайвонот» аст, ки ҷиҳати рушди тарбияи экологии насли наврас, ташаккул додани дӯстдорӣ ба табиат ва муносибати эҳтиёткорона нисбат ба олами ҳайвонот дар ниҳоди онҳо мусоидат менамояд.

               АКСҲО аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  ҶТ

Май 16, 2021 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд