Дар Маҷлиси миллӣ дар мавзӯи «Асосҳои ташкиливу ҳуқуқии таъмини рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид

Май 28, 2021 17:54

ДУШАНБЕ, 28.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода дар мавзӯи: «Асосҳои ташкиливу ҳуқуқии таъмини рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» муҳокимаи парламентӣ доир гардид, ки он  дар асоси дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Қарори Шӯрои Маҷлиси миллӣ аз 1 марти соли 2021 сурат гирифт.

Тавре аз Маҷлиси миллӣ  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар муҳокимаи парламентӣ ҳайати кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, оид ба иқтисодиёту коммуникатсия, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёт ва молия, муовинон ва узви кумитаҳои марбутаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарон ва намояндагони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳбарону масъулони як қатор вазорату идора ва ташкилотҳои дахлдор, намояндаҳои воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.

Тибқи рӯзномаи муҳокимаи парламентӣ иштирокчиён дар атрофи сиёсати давлатӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ҳимояи рақобат, тадбирҳои ташкиливу ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоии татбиқнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, парламент ва Ҳукумати кишвар, вазъи риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ҳимояи рақобат, таъмини рақобати солим,  муайян намудани мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо ибрози ақида  намудаанд.

Тазаккур дода шуд, ки ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда ва ҳимояи рақобат ҳамчун институти ҳуқуқии мураккаб бо аксари соҳаҳои ҳуқуқ робитаи ногусастанӣ дошта, муносибатҳои ба онҳо вобаста бо теъдоди зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ мавриди танзим қарор гирифтаанд.

Дар ин замина, ба хотири таъмини ҳуқуқи истеъмолкунандагон вазъи сифат ва бехатарии мол, кор ва хизматрасонӣ, инчунин тадбирҳои таъмини рақобати озод  дар соҳаҳои гуногуни ҳаётан муҳим, мавриди таҳлили ҳамаҷониба ва арзёбӣ қарор дода шуда, бо муайян кардани мушкилотҳои мавҷуда ва пайгирии роҳҳои ҳаллу фасли онҳо, зарурати тасҳеҳу такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии алоҳида, таҳияи барномаву тадбирҳои иловагӣ ва роҳандозии иҷрои онҳо таъкид карда шуданд.

Бо такя ба қайдҳои болозикр ва мубодилаи афкор, ба мақсад мувофиқ дониста шуд, ки дар шароити ташаккулёбии ҷомеаи рақамӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, масъулони вазорату идораҳои дахлдор диққати асосиро ба  баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон, таъмини бозори дохилӣ бо молу масолеҳи босифат, тақвият бахшидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва мутобиқ намудани он ба талаботи имрӯза, огоҳонидан, пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, такмили фаъолият дар самти таъмини рақобати солим дар бозори мол, кор ва хизматрасонӣ ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқии соҳа ва беҳтар намудани фаъолият дар ин самт, равона намоянд.

Аз натиҷаи муҳокимаи парламентӣ вобаста ба масъалаҳои муҳими соҳа тавсияҳо қабул гардид.

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Май 28, 2021 17:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
ҲАМОВОЗӢ. Дар Парлумон оид ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ҳамоиш доир гардид
ФАЗОИ ДИНӢ ВА ТАҲДИДУ ХАТАРҲОИ МУОСИР. Ҳамовозӣ ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ– ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Ҳамовозӣ ба Соли маърифати экологӣ эълон шудани соли 2024 дар шаҳри Душанбе