Дар ноҳияи Рӯдакӣ 475 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд

Май 2, 2021 08:51

РӮДАКӢ, 02.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани муроҷиаткунандагон Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар асоси талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009 аз корхонаву ташкилот маълумоти ҷойҳои кории ишғолнашударо ҷамъоварӣ намуда, моҳе ду маротиба тавассути тахтаи эълонҳо ба корҷӯён пешниҳод мекунад. Дар натиҷаи гузаронидани чунин ярмаркаҳо 457 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ  таъмин гардиданд.

Тавре сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ  Холназар Баротзода ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ноҳияи Рӯдакӣ барои амалӣ намудани «Барномаи давлатии шуғли аҳолӣ барои солҳои 2020-2022» ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳифзи меҳнат» мунтазам ярмаркаи  ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод ташкил  менамоянд.

Дар назар аст, ки соли 2021 даҳ маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ баргузор шаванд. Дар семоҳаи аввали соли равон 1174 нафар шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногун муроҷиат карданд, ки 1095 нафарашон ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 82 нафар зиёд мебошад. Дар ин давра ба 803 нафар расман мақоми бекорӣ дода шудааст.

Дар се моҳи аввали соли равон Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ се маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод баргузор кард, ки дар ҳар яки он ба ҳисоби миёна 23 корфармо иштирок намуда, ҷойҳои холии кориро муаррифӣ карданд. Дар ин замина, ба 42 нафар  барои омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногун роҳхат дода, 38 нафар ба ҷойи кори доимӣ ҷалб гардиданд, ки аз ин шумора 18 кас зан мебошанд.

Ҳамчунин дар  се моҳи сипаришуда 196 нафар шахсони бешуғл барои касбомӯзӣ ба маркази таълимӣ сафарбар шуданд.

                                                                 АКС аз бойгонӣ

Май 2, 2021 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид