Дар ноҳияи Ёвон гурӯҳи корӣ хисороти офатҳои табииро ҳисоб мекунад
ЁВОН, 14.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади бартараф сохтани оқибатҳои бориши зиёд ва омадани сел, ки 11 май дар якчанд деҳаҳои ноҳияи Ёвон ба амал омад, дар ноҳия ситоди фаврии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон таъсис ёфта, тадбирҳои амалӣ андешида шуда истодаанд. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон Файзиддин Раҷабов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Бар асари селбориши 11 май аҳолии деҳаҳои Даштобод, Санҷитак, Парчасой ва Қайнама аз деҳоти Обшорон, деҳаҳои Зафаробод, Навобод, Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ аз деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон хисороти молӣ диданд.
Сели пуршиддат дар қисмати шарқии деҳоти мазкур аз маҷрояш баромада, якчанд манзили истиқоматии сокинонро ба куллӣ аз байн бурд ва ба чандин хонаҳо қисман зарар расонид. Ҳамзамон сел чандин сар чорво ва моли мардумро ба коми худ кашида, дар майдонҳои зиёди замин кишти зироатро вайрон кард.
Чор гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо шумули масъулин ва мутахассисони ҳама соҳаҳо хона ба хонаи сокинони зарардида гашта, хисороти ин офатро ҳисоб карда истодаанд. Аъзои гурӯҳҳои корӣ дар ин рӯзҳои мушкил дар бари зарардидаҳо истода, ба онҳо кумак мерасонанд. Бо анҷом ёфтани чорабиниҳои мушаххассозии зарар ба ҳар хонаводаи маҳаллаҳои осебдида ёрии моддию молӣ дастрас карда мешавад.
Имрӯзҳо сокинони дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ёвон ба ҳамдиёрони худ кумакҳои бедареғ расонида истодаанд.
АКС аз муаллиф








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






