Дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок таъмири куллӣ ва ҷории роҳ шурӯъ шуд

Май 14, 2021 10:40

ДУШАНБЕ, 14.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Чанд рӯз пеш таъмири ҷорӣ ва куллии мавсими имсола   дар масири  мошингарди Душанбе-Чанок, ки аз минтақаи  Варзоб, Зарафшон ва Суғд мегузарад, шурӯъ шуд. Кормандони роҳи мазкур бо азми қавӣ ва омодагии ҷиддӣ ба иҷрои корҳо сар кардаанд. Ҳамзамон дар мавсими имсола доираи фаъолият хеле васеъ гардида, тасмим гирифта шудааст, ки садҳо километр таъмири ҷорӣ ва даҳҳо километр роҳ таьмири куллӣ шаванд. Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Таъмиру таҷдид аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, муносибат ба он хосса аст.

Таъмири куллӣ аз лиҳози моҳият ва хароҷот аз бунёди роҳ кам нест. Сарфи назар ин, роҳбарияти филиали ширкат дар ин самт масъулиятшинос мебошанд. Муҳимтар аз ҳама, барои таьмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шуда, се корхонаи истеҳсоли асфалти марбут ба филиали ширкат дар тавсеаи ин раванд саҳм мегузоранд.

Май 14, 2021 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад