Дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуғнон даври дуюми озмуни «Мо бо шумоем» баргузор шуд
ХОРУҒ, 15.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Шуғнон-шаҳраки Ваҳдати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври ниҳоии озмуни «Мо бо шумоем» баргузор гардид. Ин озмун бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, дар он сарояндагону навозандагон ва раққосони аз 6 то 18-сола, ки маъюб мебошанд, ширкат варзиданд.
Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Зунайда Раҷабова иттилоъ дод, «озмун бо мақсади татбиқи ҳадафҳои инсондӯстонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри осебпазир ва ниёзманди ҷомеа ва ҳарчӣ бештар ҷалб намудани онҳо ба барномаҳои гуногуни таълимӣ, фарҳангию фароғатӣ мебошад. Аз аъзои қаторӣ то раҳбарияти ҲХДТ ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки ягон нафар аз шахсони имконияташон маҳдуд, бахусус кӯдакону наврасон худро дар ҷомеа танҳо эҳсос накунанд. Ҳоло аксари онҳо дар баробари дигар ҳамсолонашон дар муассисаҳои таълимии маъмулӣ ва махсус ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд ва равоншиносону табибон мудом аз ҳолашон хабар гирифта, ба волидон барои беҳсозии вазъи саломатиашон маслиҳату тавсияҳо медиҳанд. Озмуни «Мо бо шумоем» низ ба боло бурдани рӯҳияи кӯдакону наврасони имконияташ маҳдуд хеле кумак мерасонад ва инро мо имрӯз бо чашми худ дидем, ки ҳунармандони наврас чӣ рӯи саҳна, чӣ берун аз он болидахотир ба назар мерасиданд ва ҳардам ба волидони худ табассуми ширин ҳадя мекарданд. Ба ин маънӣ, ки мо аз дигар ҳамсолонамон ҳеҷ фарқе надорем».
Дар озмун 20 нафар довталабон аз деҳоти мухталифи ноҳия ширкат варзида, маҳорату истеъдоди суханварию қироати шеър, навохтани асбоби мусиқӣ ва сурудхониро ба ҳайати ҳакамону тамошобинони сершумор намоиш доданд. Аҳли толор аз ҳунари онҳо ба ваҷд омода, борҳо ба по хеста, барояшон кафкӯбӣ намуданд.
Се нафар ғолибони озмун ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ба ҳамаи иштирокчиёни озмун туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.










«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






