Дар шаҳри Хуҷанд 30 адад қуттиҳои партов нав карда шуданд

Май 22, 2021 09:04

ДУШАНБЕ, 22.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар кӯчаю хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ, Гагарин ва Фирдавсии шаҳри Хуҷанд беш аз 30 адад қуттиҳои нави партов ҷойгир карда шуда, қуттиҳои фарсудашуда баъди таъмир ва рангу бор дар дигар  нуқтаҳои партовгоҳ гузошта мешаванд. Аз оғози соли равон дар якчанд кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд, дар мавзеъҳои партовгузорӣ қариб 90 адад қуттиҳо нав карда шуданд. Бо иқдоми роҳбарияти Хуҷанд қуттиҳои партови нуқтаҳои партов дар шаҳр марҳила ба марҳила таҷдид карда мешаванд.

Тавре аз дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд,  ин тадбир аз ҷониби КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд», ки муассисаи коммуналии шаҳр ба ҳисоб рафта, барои бардоштан, кашонидан ва гӯронидани партовҳои сахти маишии шаҳр масъул аст, роҳандозӣ мегардад.

Дар шаҳри Хуҷанд 175 адад нуқтаи партов бо 780 адад қуттиҳо мавҷуд буда, ҳамарӯза аз ҷониби КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» партовҳо ҷамъоварӣ гардида, тибқи реҷаи махсус ин мавзеъҳо безарар гардонида мешаванд.

КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» реҷаи кори худро дар 3 баст ба роҳ монда, аз ҳудуди шаҳр ифлосиҳоро ба партовгоҳи шаҳри Хуҷанд мекашонад. Дар корхона 175 нафар фаъолият дошта, 31 адад нақлиёти партовкашон ҳамарӯза дар 3 баст фаъолияти пурсамар намуда, партовҳоро сари вақт аз ҷойҳои муайяншуда мегиранд.

КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» дар самти тозаву озода нигоҳ доштани шаҳри Хуҷанд аз тамоми воситаҳо истифода менамояд.

 Акси дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Май 22, 2021 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд