Дар шаҳри Хуҷанд Маркази омӯзишӣ – таълимӣ оид ба дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 24.05.2021/АМИ «Ховар»/. Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) дар Тоҷикистон дуюмин Маркази омӯзишӣ-таълимӣ оид ба дӯзандагӣ ифтитоҳ намуд.
Маркази омӯзишӣ-таълимӣ оид ба дӯзандагӣ дар назди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (ДПДТТХ), ки дар ҳамкорӣ бо ин донишкада кушода шуд, шурӯъ аз имрӯз, 24-уми май дари худро ба рӯи донишомӯзон боз намуд. Ин ибтикор дар доираи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии МТБ амалӣ гардид, иттилоъ медиҳад МТБ.
Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳадаф дорад, ки бо кумаки фаннии МТБ, корхонаҳо ва иттиҳодияҳои соҳавӣ, дар мавзӯъҳои соҳавӣ маводи таълимии нав таҳия карда, маводи таълимии мавҷударо ба шароити нав мутобиқ созад.
Чунин марказ соли гузашта дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ш. Душанбе низ ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Ин марказҳо дар самти ба роҳ мондани ҳамкории беҳтару қавитар миёни соҳа ва муассисаҳои таълимӣ нақши муҳим хоҳанд бозид.
Директори ДПДТТХ Дилафрӯз Саидӣ мегӯяд, ки «дар замоне, ки фазои рақобатпазирӣ васеъ мегардад, рушди муваффақонаи ҳар соҳаеро мутахассисони соҳибтаҷриба таъмин мекунанд. Маркази омӯзишӣ-таълимӣ оид ба дӯзандагӣ, ки ба рушди соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон ва ворид кардани технологияҳои нав ҳам ба раванди таълим ва ҳам ба истеҳсолот мусоидат мекунад, алоқаи байни муассисаҳои таълимӣ ва истеҳсолотро таъмин карда, ба роҳ ёфтани маҳсулоти миллӣ ба бозорҳои нав саҳм мегузорад».
Аввалин давраи омӯзишӣ дар марказ рӯзҳои наздик оғоз мегардад. Чунин марказ соли гузашта дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе низ ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Ин марказҳо дар самти ба роҳ мондани ҳамкории беҳтару қавитар миёни соҳа ва муассисаҳои таълимӣ нақши калидӣ хоҳанд бозид.
Акс аз Маркази тиҷорати байналмилалӣ.








Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ
ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд






