Дар шаҳри Санкт-Петербург нуҳумин Конгресси байналмилалии экологӣ доир шуд

Май 27, 2021 14:10

ДУШАНБЕ, 27.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 майи соли 2021 дар қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербург бо ташаббуси бевоситаи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия ва Вазорати захираҳои табиӣ ва муҳити зисти Федератсияи Россия  нуҳумин конгресси байналмилалии экологӣ  таҳти шиори «Экологияи сайёра — рушди устувор» баргузор гардид.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар кори ҷаласаи мазкур раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ суханронӣ намуд.

Конгресси мазкур  ба стратегияҳо ва лоиҳаҳои миллӣ дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист, масъалаҳои аз ҷиҳати экологӣ масъул, рушди «иқтисоди сабз», фарҳанги истеҳсолот, истеъмол ва тарзи ҳаёти солим бахшида шудааст.

Раёсати кумитаи тадорукоти Конгрессро Раиси Шӯрои Ассамблеяи Байнипарлумонии Давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ва муовини Сарвазири Федератсияи Россия В.В. Абрамченко ба зимма доранд.

Платформаи мубоҳисавии конгресс барои муҳокимаи мавзӯъҳои калидӣ дар соҳаи ҳифзи табиат ва идоракунии муҳити зист, таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ дар ҳамоҳангсозии қонунгузории муҳити зист самаранок истифода мешавад.

Барномаи Конгресси IX байналмилалии экологӣ як пленум ва даҳ мизи мудавварро дар бар мегирад, ки ба таҳияи лоиҳаҳои миллӣ, ҳифзи захираҳои табиӣ ва гуногунии биологӣ, сиёсати иқлим, энергияи сабз, маърифати экологӣ ва рушди устувори обанборҳо бахшида шудааст. Амнияти экологӣ яке аз мавзӯъҳои асосии конгресс хоҳад буд.

Рӯзномаи муҳтавои конгресси дар пешистода муҳокимаи панҷ лоиҳаи афзалиятнокро дар соҳаи экология ва иқлим дар бар мегирад, ки ба Стратегияи нави рушди иҷтимоию иқтисодии Федератсияи Россия то соли 2030 дохил карда шудааст ва барои расидан ба яке аз ҳадафҳои миллӣ — «Муҳити бароҳат ва бехатар барои ҳаёт» мусоидат менамояд.

Мавзӯи баланд бардоштани масъулияти экологии тиҷорат ва амнияти экологӣ низ дар конгресс дахл карда мешавад. Дар доираи чорабинии мазкур ҳамчунин аксияҳои экологӣ баргузор мешаванд.

АКС аз  бойгонӣ

Май 27, 2021 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид