Дар шаҳру ноҳияҳои баландкӯҳи Тоҷикистон стансияҳои автоматикии метеорологӣ насб шуданд

Май 19, 2021 08:27

ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар 7 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон — Роғун, Турсунзода, Варзоб, Шамсиддини Шоҳин, Данғара, Темурмалик, Дарвоз 7 адад стансияи автоматикии метеорологӣ насб гардиданд.  Дар ин  бора ба АМИТ «Ховар» аз  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд.

Стансияҳои насбгардида  тамғаи AWS-310 «VAISALA-Finland» буда, дар онҳо аз рӯи мушаххасоти суръати шамол, самти шамол, ҳарорати ҳаво, намнокии ҳаво, фишори атмосферӣ, миқдори бориш, радиатсияи офтоб ва баландии  қабати барф мушоҳидаҳои ҳавосанҷӣ гузаронида мешаванд.

Стансияҳои автоматикии метеорологӣ бо мақсади мукаммалсозии низоми мониторинги  боду ҳаво бо ҷалби маблағҳои грантии лоиҳаи минтақавии «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал» (CAMP4ASB) барои Агентии обуҳавошиносӣ дастрас ва насб карда шуданд.

Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати мукаммал гаштани мониторинги боду ҳаво, назорати давлатии ҳифзи муҳити зист, таъмини бехатарии экологии аҳолии ҷумҳурӣ пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

АКСҲО аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ

Май 19, 2021 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид