Дар Тоҷикистон 115 ширкати фарматсевтии Туркия ба қайд гирифта шудаанд
ДУШАНБЕ, 27.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни мулоқот бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл зикр намуд, ки дар Тоҷикистон 115 ширкати фарматсевтӣ ва 117 намуд маводи дорувории кишвари Туркия ба қайд гирифта шудаанд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, соли 1996 Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия ба имзо расида, имрӯз ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ дар марҳалаи рушд қарор доранд.
Ҳамчунин Ҷамолиддин Абдуллозода Эмре Зекӣ Карагёлро барои ба вазифаи Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданаш шодбош намуда, ба фаъолияти минбаъдаи кории ӯ барору муваффақият орзу намуд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо доир ба сафарбарнамоии табибони тоҷик ҷиҳати гузаштан аз такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ дар Туркия, ҳамкорӣ дар самти рушди фаъолияти бахши хусусӣ, истифодаи имконияти мавҷуда ва рушди равобити дуҷониба мубодилаи афкор намуданд
АКС аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид






