Дар Тоҷикистон Фестивали байналмилалии «Душанбе — пойтахти сайёҳии СҲИ» ва Форуми байналмилалии рушди агротуризм доир мешаванд
ДУШАНБЕ, 26.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи эълон гардидани шаҳри Душанбе — пойтахти сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ /СҲИ/ барои солҳои 2020-2021 ва бо мақсади рушди бахши сайёҳӣ моҳи июли соли равон пойтахти Тоҷикистон мизбони баргузории Фестивали байналмилалии «Душанбе — пойтахти сайёҳии СҲИ» ва Форуми байналмилалии рушди агротуризм мегардад. Чунин зикр шуд дар ҷаласаи 5-уми вазирони СҲИ оид ба иқтисод ва молия, ки имрӯз таҳти раисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар кори он Котиби генералии СҲИ Ҳади Солейманпур ва вазирони кишварҳои аъзои созмон иштирок намуданд.
Завқӣ Завқизода зикр кард, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии СOVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисоди миллӣ тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад. Дар натиҷа тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар моҳҳои январ-апрели соли 2021 8 фоиз афзоиш ёфт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 (6,3 фоиз) 1,7 банди фоизӣ зиёд аст. Зикр шуд, ки ҳиссаи савдои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ /СҲИ/ дар гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 фоизро ташкил дода, дар 4 моҳи аввали соли равон 2021 10 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар ҷаласа аз давлатҳои аъзои СҲИ даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз имконияти хуби сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ тақвият диҳанд.
Дар анҷоми ҷаласа «Изҳороти Душанбе» қабул гардида, иштирокчиёни он ҷиҳати истифодаи беш аз пеши неруи созмон, таъмини рушди устувор дар минтақаҳои он ва густариши ҳамкории судманд омодагии худро иброз намуданд. СҲИ кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Ӯзбекистонро дар худ муттаҳид намудааст.









Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






