Дар вилояти Суғд нафарони дар ақибгоҳи ҶДҶ хизматнамуда аёдат шуданд
ДУШАНБЕ, 07.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 6 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода нафарони дар ҷабҳаи ақибгоҳи Ҷанги дуюми ҷаҳон хизматнамударо аёдат карданд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни аёдат ба Ҳомид Ҷўраев, Воҳид Ҷўраев, Маҷид Ширинов ва Марҳамат Бобоҷонова кумакпулии якдафъаинаи Раиси вилояти Суғд ба маблағи 2000 сомонӣ, кумакпулии раиси шаҳри Хуҷанд ба маблағи 1500 сомонӣ ва маводи мавриди ниёзи аввалу туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода нафарони дар ақибгоҳи ҶДҶ хизматнамударо бо 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрик намуд.
Зикр шуд, ки омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корномаву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватан дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушди кишвари соҳибихтиёри тоҷикон, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат баробари нигоҳубину парастории собиқадорони ҷангу меҳнат, инчунин ба масъалаҳои ҳаёти иҷтимоии онҳо эътибори ҷиддӣ дода, дар ин самт ҳамасола кумак ва чораҳои зарурӣ амалӣ менамояд. Дар шароити ноором ва бисёр мураккаби ҷаҳони имрӯза, ки хатару таҳдидҳои нав дар бисёр кишвару минтақаҳои сайёра торафт вусъат пайдо мекунанд, тарғибу ташвиқи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба саҳифаҳои ибратбахши таърихи халқи тоҷик ва омӯхтани корнамоиҳои фарзандони далеру шуҷои Ватан барои таҳкими амну оромии ҷомеа, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва миллатгароиву нажодпарастӣ ниҳоят муҳим мебошад.
Раиси вилоят дар шаҳри Бӯстон собиқадорони хизмати давлатӣ- Оқил Оқилов ва Ҷӯра Шокировро аёдат намуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






