Даргузашти ҳунарманди маъруфи театр ва кинои тоҷик Назирмад Мӯсоев

Май 16, 2021 14:46

ДУШАНБЕ, 16.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунарманди маъруфи театр ва кинои тоҷик Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Назирмад Мӯсоев шаби гузашта аз олам даргузашт. Ҷасади ӯ имрӯз дар Душанбе ба хок супорида шуд.

Назирмад Мӯсоев дар собиқ ноҳияи Москва (ҳоло ноҳияи Ҳамадонӣ) ба дунё омада, пас аз итмоми таҳсил дар  ВГИК-и шаҳри Москва дар даҳҳо филм дар замони шуравӣ ва дар замони истиқлолияти Тоҷикистон  нақш офаридааст.

«Ӯ ҳунарманде набуд, ки гӯем, фалон нақшаш хуб буд ва фалон нақшаш хуб набуд. Ҳама корҳояш хуб буд. Меъёри ҳақиқати бознигарӣ дар ҳама корҳояш буд. Метавонист, филм чандон хуб набошад, ё филмнома хуб набошад, аммо ҷое, ки ӯ нақш меофарид, ҳама кор хуб буд», — навиштаанд имрӯз ҳампешаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Бино ба гуфти Раиси  Иттифоқи кинематографистони  Тоҷикистон Сафар Ҳақдод, Назирмад Мӯсоев солҳои 80-уми асри гузашта  пас аз нақшофарӣ дар филми «Ӯ маро хӯш дорад» маъруф шуд.

«Ӯ ба синамои мо ҳамчун як чеҳраи киноӣ ворид шуда буд. Чеҳра ва садои зебояш коргардонҳоро мафтун карда буд. Дар солҳои истиқлол ҳам хеле фаъол буд. Ҷавонҳо ҳамеша ӯро барои нақшофарӣ дар филмҳо даъват мекарданд. Беғараз буд. Ҳатто нархи нақшофариро намепурсид. Аз ӯ касе ҳарфи нохуб нашунидааст. Ҳамеша дар лабаш табассум буд. Ҳар рӯз сари кор меомад ва дар кинову дар театр фаъол буд», -гуфтааст Сафар Ҳақдодов.

Бино ба гуфти наздиконаш, Назирмад дар ҷои кор, дар студия вақти дубляжи филм бар асари сактаи қалб даргузаштааст, вале сабаби расмии марги актёр маълум нест.

Назирмад Мӯсоев дар тӯли тамоми фаъолияти меҳнатиаш дар  Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба сифати актёр кор мекард ва дар даҳҳо спектаклҳои ин муассиса нақш офаридааст.

 

АКС аз бойгонӣ

Май 16, 2021 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд