Даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 12.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» оғоз мегардад. Дар ин бора сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Бахтиёр Қосимов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Мавсуф зикр намуд, ки баргузории озмуни мазкур тибқи Низомнома ҷараён гирифта, ҳайати ҳакамон аз масъулони бахши фарҳанг ва фарҳангшиносони вилояту ноҳияҳо иборат мебошад. Теъдоди иштирокчиён пурра муайян нагардидааст, зеро номнависии довталабон рӯз то рӯз бештар мешавад. Танҳо ҳаминро метавон гуфт, ки шумораи иштирокдорон нисбат ба соли гузашта бештар мебошад.
Ҳамчунин зикр намуд, ки дар озмуни имсола аз рӯйи раддабандии синнусолӣ (барои иштирокчиёни гурӯҳи касбӣ) ба таври зайл тақсим гардидааст: аз 12 то 17- сола ва аз 18 то 40-сола. Аз ин рӯ ҳайати ҳакамон низ ба ду гурӯҳ ҷудо гардидаанд.
Бояд гуфт, ки даври аввали озмуни мазкур аз 17 май дар 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва аз 20 май дар 13 шаҳру минтақаи Бадахшон оғоз мегардад.
Тавре дар Низомномаи озмун омадааст:
«Озмуни мазкур дар се давр гузаронида мешавад:
— даври якум — моҳи май-июни соли 2021 дар маркази шаҳру ноҳияҳо;
— даври дуюм — моҳи июл – нимаи аввали моҳи августи соли 2021 дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт;
— даври сеюм — то 16 ноябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо супоридани ҷоизаву дипломҳо ҷамъбаст мешавад».
Ёдовар мешавем, ки корҳои ташкилӣ барои баргузор кардани даври якум ва дуюми озмун ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт вогузор гардидааст.








Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад






