«ДИЛ РЕШ МЕШАВАД». Овозхон Манижа Сангин эҳсосоти худро пас аз ҳамла ба мактаб дар Қазон баён кард
ДУШАНБЕ, 12.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Фоҷиаи дирӯз дар Қазон ба вуқӯъ омада касеро бетараф нагузошт: Намояндаи Россия дар «Евровидение-2021» Манижа Сангин дар Instagram бо суханони пурандӯҳ изҳори таслият ва ҳамдардӣ кардааст.
Манижа аксҳои манзараҳои зебои ғуруби офтобро нашр карда, навиштааст, ки ин ғуруби зеборо дар Қазон аккосӣ кардааст ва гуфтааст, ки ҳамагӣ чанд ҳафта пеш аз парвоз ба «Евровидение» ба он ҷо рафта буд.
«Шаҳри зебо, меҳрубон. Он чизе, ки имрӯз ба сари он омадааст, дилро пора мекунад», — навиштааст сароянда.
Манижа зикр кардаст, ки кӯдакон ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ ҷо набояд бо силоҳ рӯ ба рӯ шаванд.
Вай илова кардааст, ки ҳеҷ сухане наметавонад оилаи қурбониҳоро тасалло бидиҳад.
Манижа навиштааст, ки тамоми дастаи иштирокчиёни «Евровидение» якҷо бо Қазон ашк мерезад, қалбҳои онҳо бо ин шаҳр ғамшарик мебошанд.
Навиштаҳои ӯ дар муддати кӯтоҳ беш аз 50 ҳазор бинанда пайдо кардаанд. Ҳам мухлисони русзабон ва ҳам англисзабони Манижа шарҳҳои худро бо изҳори ҳамдардӣ ва таслият нашр кардаанд.
Ҳатто касоне низ ёфт шудаанд, ки ба таври ғайримустақим ин фоҷиа ба онҳо асар кардааст. «Дугонае навиштааст, ки муаллимаи ҳалокшуда ошнои ӯ буд…», — изҳор кардааст яке аз муштариёни сароянда.
Ёдовар мешавем, ки навҷавоне субҳи дирӯз ба толибилмон ва муаллимони мактаби рақами 175 ҳамла кард. Ҷавоне, ки чор сол пеш ин муассисаи таълимиро хатм карда буд, бо силоҳ ба он баргашт: ӯ бомбаи худсохташро барои таркиш омода кард ва ба сӯи мактаббачагон ва муаллимон оташ кушод.
Тибқи маълумоти охирин, дар натиҷаи ин ҳодиса нуҳ кас ҳалок ва тақрибан 20 нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар байни кушташудагон — ду муаллим низ буданд, ки мактаббачагонро наҷот доданд. Ду кӯдаки дигар аз тарс аз тиреза парида ҳалок шудаанд.
Маҳз амали посбонзан, ки сари вақт тугмаи бонги изтиробро пахш кард ва муаллимон барои пешгирии талафоти бузургтар кумак карданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






