«ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД!». Таҳти ин унвон дар Кӯлоб маъракаи даҳрӯзаи Поси хотир баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 03.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Ғалаба аз 3 то 13 май баргузории маъракаи даҳрӯзаи Поси хотирро таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!» эълон намуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи нақшаи чорабиниҳои мазкур ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассиса новобаста аз шакли моликият, раисони ҷамоат, қитъаҳои истифодабарии манзил, соҳибкорон, шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, шӯро ва созмонҳои кор бо ҷавонон вазифадор шудаанд, ки корҳои ободониро дар назди ҳайкалҳо, оромгоҳҳо (бо ташкили аксияи “Рӯзи ёдоварӣ”) ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба роҳ монанд.
Ҳамчунин дар ин даҳрӯза масъулин вазифадор гардидаанд, ки иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон ва шахсони ба онҳо баробаркардашударо аёдат намуда, ба онҳо кумак расонанд. Дар ҷараёни чорабиниҳои оммавӣ хотираи ҷавонмардони далеру шуҷои Ватан, ки ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ баҳри ҳимояи марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол қаҳрамонона ҳалок шудаанд, пос дошта мешаванд.
Ҳамзамон дар муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб вохӯрии собиқадорони ҷангу меҳнат бо хонандагон ва донишҷӯён ташкил гардида, ба ин муносибат озмуну мусобиқаҳои зеҳниву варзишӣ ва маҳфилҳои илмиву адабӣ ташкил карда мешаванд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи Ғалаба дар ҳудуди ташкилоту муассисаҳо шиору овезаҳои ба ин мавзӯъ бахшидашуда насб мегарданд.








Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид






