«ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД!». Таҳти ин унвон дар Кӯлоб маъракаи даҳрӯзаи Поси хотир баргузор мегардад

Май 3, 2021 09:01

ДУШАНБЕ, 03.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  бахшида ба Рӯзи Ғалаба аз 3 то 13 май  баргузории  маъракаи  даҳрӯзаи Поси хотирро  таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!» эълон намуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ   «Ховар»  хабар доданд, тибқи нақшаи чорабиниҳои мазкур  ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассиса новобаста аз шакли моликият, раисони ҷамоат, қитъаҳои истифодабарии манзил, соҳибкорон, шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, шӯро ва созмонҳои кор бо ҷавонон вазифадор шудаанд, ки корҳои ободониро дар назди ҳайкалҳо, оромгоҳҳо (бо ташкили аксияи “Рӯзи ёдоварӣ”) ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба роҳ монанд.

Ҳамчунин дар ин даҳрӯза масъулин  вазифадор гардидаанд, ки иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон ва шахсони ба онҳо баробаркардашударо аёдат намуда, ба онҳо кумак расонанд. Дар ҷараёни  чорабиниҳои оммавӣ   хотираи ҷавонмардони далеру шуҷои Ватан, ки ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ баҳри ҳимояи марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол қаҳрамонона ҳалок шудаанд, пос дошта мешаванд.

Ҳамзамон  дар муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб  вохӯрии собиқадорони ҷангу меҳнат бо хонандагон ва донишҷӯён  ташкил гардида, ба ин муносибат озмуну мусобиқаҳои зеҳниву варзишӣ ва маҳфилҳои илмиву адабӣ ташкил  карда мешаванд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи Ғалаба  дар ҳудуди ташкилоту муассисаҳо шиору овезаҳои ба ин мавзӯъ бахшидашуда  насб  мегарданд.

Май 3, 2021 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд