Фаъолияти волонтёрӣ- мактаби муҳими ташаккули ҷавонон. Бардошт аз мулоқоти Пешвои миллат бо насли ояндасози Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 30.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ҷавонон ва беҳдошти вазъи ҳаёт ва фаъолияти онҳо ҳамчун масъалаи меҳварӣ дар фаъолияти давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Бо назардошти муҳимияти ин масъала, афзал шуморидани саҳми ҷавонон шурӯъ аз соли 1994 пайваста мулоқотҳои судманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонон баргузор мешаванд.
Дар ин бора муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза АҲМАДЗОДА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳори андеша намуд.
Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф манзур мешаванд.
Пешвои муаззами миллат зимни мулоқоташон бо ҷавонони мамлакат, ки дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ — 21 май дар толори барҳавои Кохи “Борбад” доир гардид, паҳлуҳои мубрами марбути ҳаёт ва фаъолияти ҷавононро таҳлил намуда, бо таъкиди имконияти мавҷуда танҳо талқини рӯй овардан ба омӯзиши илм, забондониву рушди малакаҳои касбӣ, ҳушёрии сиёсӣ, донишу маърифати баланд, одобу ахлоқи шоиста, донистани таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти давлатӣ мулоқоти судмандро анҷом доданд.
Дар баробари мавриди таҳлилу пешниҳоди дурнамо қарор додани ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷавонон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрӯза -тақвият ва рушди фаъолияти волонтёрӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Тақвияти фаъолияти волонтёриро ба хотири иттиҳоду ҳамбастагии ҷавонон ҷиҳати анҷом додани амалҳои хайрхоҳона, корҳои тозагиву созандагӣ, кумак ба шахсони ниёзманду пиронсол дар шароити имрӯза афзал шуморида, ин тадбирҳоро барои худи волонтёрон мактаби муҳими худташаккулёбӣ ҳисобиданд.
Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳи он аст, ки накӯкорӣ ва анҷоми амалҳои хайр ҷиҳати тарбияи шаҳрвандон дар рўҳияи меҳнатдўстӣ, эҳтироми якдигарӣ, масъулиятшиносӣ, поквиҷдонӣ ва муттаҳидӣ заминаҳои мусоид фароҳам меоранд. Ҳадафи асосии фаъолияти волонтёрӣ иҷрои корҳои хайриявӣ, бардошти таҷрибаи иҷтимоӣ барои шаҳрвандон, тавсеаи рушди шахсият, омўхтани таҷрибаи кор аз рўи ихтисоси интихобнамуда ва имкони шинохти худ дар ҷомеа мебошад.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, фаъолияти волонтёрӣ -ин майдони оғози рушди касбии ҷавонон аст, ки робитаи ҷамъиятиашонро тавсеа медиҳад. Агар ба таърихи пурғановати халқамон назар афканем, дар он низ ризокориро зиёд мувоҷеҳ мегардем. Дар гузашта миёни мардуми мо шаклҳои ҳаракати волонтёрӣ, ба мисли ҳашар вуҷуд доштанд. Кумак расонидан ва иҷрои корҳои ҷамъиятӣ аз қадим ба нафъи мардум буд, ки тавассути ин фаъолиятҳо бо ҳашар хона месохтанд, пулҳо бунёд менамуданд, дасти ҳамдигар мегирифтанд ва дигар мушкилоти худро бартараф мекарданд.
Аҳамияти ин амалҳо дар он буд, ки кореро, ки як нафар наметавонад дар танҳоӣ анҷом диҳад, мардум дастаҷамъона бо роҳи ҳашар дар муддати хеле кўтоҳ иҷро мекарданд. Ва ин таҷрибаи гирифтани дасти ҳамдигар ва интихоби роҳи бунёд кардану кумак намудан дар замири насли ҷавони кишвар низ имрӯз тарбият ёфтааст, ки онҳо бо фаъолияти волонтёрӣ машғул мебошанд.
Бояд зикр намоем, ки бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти волонтерӣ” аз 19 сентябри соли 2013 ин самти фаъолияти ҷамъиятӣ рушд намуда, айни замон дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва сохторҳои маҳаллии он ҳазорҳо нафар ҷавонон ба ҳайси волонтёр фаъолият намуда истодаанд.
Танҳо дар солҳои 2019 – 2020 аз ҷониби волонтёрон 11297 адад чорабинӣ ва корҳои хайри ҷамъиятӣ бо фарогирии 110 939 нафар ҷавонон амалӣ гардидаанд.
Дар робита ба ин волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо шумули 10 000 нафар дар сатҳи ҷумҳурӣ дар қисматҳои ташкилии баргузории маъракаҳои муҳими сиёсӣ соли 2020 ҷиҳати саҳмгузорӣ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла, барўйхатгирии интихобкунандагон, тақсими маводи иттилоотӣ, мусоидат дар баргузории суҳбату вохўриҳо бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, иттилоотонии интихобкунандагон аз қонунгузории кишвар дар бораи интихобот, ҳамроҳии мушоҳидони байналмилалӣ, кумак расонидан дар участкаҳои интихоботӣ ба пиронсолон ва шахсони имконияташон маҳдуд омода карда шуда, инчунин 500 нафар волонтёрони донандаи хуби забони англисӣ ва русӣ барои бевосита ҳамроҳӣ намудани мушоҳидони байналмилалӣ аз курсҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, пурра омода карда шуда буданд, ки зимни бриффинг аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ сазовори баҳои муносиб гардиданд.
Дилноза Аҳмадзода мегӯяд, ки дар ин замина дастури Пешвои муаззами миллат зимни мулоқоташон бо ҷавонони мамлакат 21 майи соли 2021 вобаста ба таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани “Барномаи рушди фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025” тадбири бениҳоят муҳим ва сари вақтӣ буда, барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти волонтёрӣ, роҳҳои рушд ва ҷалби бештари ҷавонон ба ин фаъолият баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани ватани азизамон, дастгирӣ ва кумак ба камбизоатону пиронсолон, ашхоси ниёзманд ва дигар корҳои хайри ҷамъиятӣ заминаи қавӣ мегузорад.








Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон бо озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ таъмин гардиданд
Таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди ғизои мактабӣ бо намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ баррасӣ гардид
150 нафар соҳиби шаҳодатномаи маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» гардиданд
ОГОҲӢ! Аз 6 то 8 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид
Дар Кӯлоб аксари иншооти аз офати табиӣ осебдида барқарор гардида, оилаҳои зарардида соҳиби хонаҳои нав мешаванд
Дар Душанбе Форуми соҳибкории занон, сармоягузорӣ ва технология оғоз гардид
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. 24 истироҳатгоҳи мавсимии беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд
Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид
ОГОҲӢ! Аз 3 то 5 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад






