Филми Румӣ Шоазимов ба барномаи асосии озмунии Кинофоруми ХХХ ҷашнии байналмилалии «Гурди тиллоӣ» шомил шуд

Май 19, 2021 10:00

ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Филми «Хаёлпарастони музофотӣ»-и коргардони ҷавон ва боистеъдоди тоҷик Румӣ Шоазимов ба барномаи асосии озмунии Кинофоруми ХХХ ҷашнии байналмилалии «Гурди тиллоӣ» шомил шуд.

Тавре ки худи коргардони филм ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, «Гурди тиллоӣ» аз 22 то 31 май дар Севастопол баргузор мешавад.

Аз ҷумлаи беш аз 500 асар ҳайати коршиносон барои иштирок дар барномаи озмунӣ 155 филмро аз 25 кишвар дар 6 категория — филмҳои бадеӣ, филмҳои пурраметражи мустанад, филмҳои кӯтоҳметражи мустанад, филмҳои тасвирӣ, филмҳои дебютӣ ва донишҷӯён ва филмҳо барои кӯдакон интихоб намуд.

Филми «Хаёлпарастони музофотӣ» дар бахши «Филмҳои бадеии пурраметраж» муаррифӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки ин филм, ки дар киностудияи «Тоҷикфилм» ба навор гирифта шудааст, соли гузашта дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳои «Падарон ва фарзандон» дар Орел (Россия) аллакай сазовори се ҷоиза шуда буд.

Ғайр аз ин, он бо номинаи махсуси раиси ҳакамони Фестивали  байналмилалии филмҳои «Leonid Khromov International Film Festival — 2020» — «Бозёфти сол» қадршиносӣ шудааст.

«Филми ман «Хаёлпарастони музофотӣ» дар жанри мураккаби ҳаҷвӣ наворбардорӣ шудааст. Филм рангин, ғайриодӣ буда, аз ду қисм иборат мебошад. Онҳо ба арзишҳои оилавӣ ва идомаи робита байни  наслҳо вобастагӣ доранд», — иброз намуд Румӣ Шоазимов.

Кинофоруми байналмилалии «Гурди тиллоӣ» — фестивалест, ки аз соли 1992 ба ин тараф баргузор мешавад. Аз соли 2010 кино, театр, мусиқӣ, адабиёт ва санъати тасвириро таҳти сарпарастии Форуми славянии санъат «Гурди тиллоӣ» муттаҳид мекунад. Фестивал таҳти шиори «Барои ормонҳои ахлоқӣ. Барои баланд бардоштани рӯҳи инсон» баргузор мешавад.

 АКС аз  Румӣ Шоазимов

Май 19, 2021 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд