Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба таври назаррас афзоиш ёфтааст

Май 18, 2021 11:26

ДУШАНБЕ, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи аввали соли равон афзоиши гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беш аз 23 миллион доллари ИМАро ташкил дод. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дирӯз дар Душанбе зимни мулоқот бо муовини Сарвазир, Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов иброз дошт.

Мулоқот дар ҳошияи ҷаласаи ҳаштуми комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ доир шуд.

Дар ҷараёни ҷаласа З. Завқизода зикр кард, ки Ӯзбекистон яке аз шарикони асосии стратегии Тоҷикистон мебошад.

Зикр шуд, ки дар семоҳаи аввали соли 2021 гардиши мол миёни кишварҳо аз 104 миллион доллар гузашт. Нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020  23,1 миллион доллар зиёдтар шудааст.

Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо омодагии худро ба тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд иброз дошта, ба мувофиқа расиданд, ки дар лоиҳаҳои афзалиятноки рушди тиҷоративу иқтисодӣ, ташкили корхонаҳои муштарак дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳамчун табодули таҷриба байни вазоратҳои ду кишвар дар соҳаи пешгӯии макроиқтисодӣ, тиҷорати электронӣ ва содагардонии расмиёти савдо ҳамкорӣ намоянд.

                             АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Май 18, 2021 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд