Гулчеҳра Қоҳирова, директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи АМИТ барандаи ҷоизаи «Ситораҳои Иттиҳод» шуд

Май 12, 2021 09:38

ДУШАНБЕ, 12.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) Гулчеҳра Қоҳирова (дар акс) барандаи ҷоизаи солонаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ (МФГС) хабар дод.

 Ҳамин тариқ, аъзои ҳакамони Ҷоизаи ҳарсолаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» нуҳ  барандаи соли 2020-ро эълон карданд.Аз ҷумла, нависандаи халқии Қазоқистон Олжас Сулаймонов барандаи ин ҷоиза гардид. Инчунин Президенти Академияи миллии илмҳои Қирғизистон Мурат Ҷуматаев ва роҳбари оркестри эстрадӣ-симфонии Ўзбекистон Мансур Тошматов барандагони ҷоизаи бонуфуз шуданд.

Гулчеҳра Қоҳирова директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, дар соҳаи омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ кор мекунад. Асарҳои вай ба доираи васеи астрофизикҳои тамоми ҷаҳон маълуманд. Соли 2015 яке аз сайёраҳои хурди системаи офтобӣ ба номи Гулчеҳра Қоҳирова гузошта шуд. Ҳуҷҷати дахлдор дар Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии астрофизикҳо, ки марказаш дар Париж аст, ба имзо расид. Ҳоло тақрибан панҷ ҷисми кайҳонӣ (ситораҳо, астероидҳо) ба номи олимони тоҷик гузошта шудаанд. Аз Академияи миллии илмҳо ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки кормандони академия ҳоло кӯшиш доранд яке аз сайёраҳои хурди системаи Офтобро ба номи Тоҷикистон гузоранд.

Ҷоизаи байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод» аз ҷониби Шӯрои ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ ва ФБҲБ 21 майи соли 2009 таъсис ёфтааст.

Аз ҳамон вақт  инҷониб ин ҷоиза барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи гуманитарӣ ҳамасола тақдим  карда мешавад.

Ғолибони ҷоизаи мазкур  бо диплом, нишони фахрӣ ва шаҳодатнома мукофотонида мешаванд. Маблағи пулии ҷоиза ба 2 миллион рубли русӣ баробар мебошад.

Маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ тирамоҳи имсол дар доираи Форуми зиёиёни эҷодӣ ва илмии Ӯзбекистон баргузор мешавад.

АКС аз бойгонӣ

Май 12, 2021 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид