Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ маблағҳои пасандоздорони «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк»-ро ҷуброн мекунад

Май 26, 2021 10:15

ДУШАНБЕ, 26.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз ҷуброн намудани маблағҳои пасандоздорони «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» хабар медиҳад.

Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба таваҷҷуҳи пасандоздорони ҶСК «Агроинвестбонк» ва ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» мерасонад, ки маблағи пасандози шахсони воқеӣ бо пули миллӣ то 30000 сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ то 21000 сомонӣ аз ҳисоби хазина пурра ҷуброн карда мешавад.

Пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорон тавассути бонк-агент 14 рӯз пас аз санаи қабули қарори суд оид ба барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ пардохт карда мешавад. Маблағи боқимондаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар раванди барҳамдиҳӣ аз ҷониби мудири махсус тибқи тартиби муқарраршуда пардохт хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки 21 майи соли равон  Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк»-ро бозхонд намуда буд.

Пасандоздорони «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» имкон доранд маълумоти иловагиро тавассути телефонҳои 44 6003245, 44 6003545 ё ин ки аз сомонаи Хазина www.idif.tj дастрас намоянд.

Май 26, 2021 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид