Иҷозатномаи «Агроинвестбонк» бозхонд гардид

Май 22, 2021 10:18

ДУШАНБЕ, 22.05.2211 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон аз бозхонд гардидани иҷозатномаи «Агроинвестбонк» дар кишвар хабар медиҳад.

Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 21 майи соли 2021 иҷозатномаи ҶСК «Агроинвестбонк» бозхонд гардид.

Тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, гузаронидани ҳамаи амалиёти хароҷоти нақдӣ ва ғайринақдӣ, интиқоли маблағҳо аз як суратҳисоб ба суратҳисоби дигар, интиқол ва бегонакунии дороӣ ва молу мулки дар ҶСК «Агроинвестбонк» мавҷуда то таъйин шудани мудири махсус манъ гардид.

Гуфта мешавад, ки бо вуҷуди дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи таҷдиди сохтор, ивази роҳбарият ва сармоякунонии пайдарпайи мустақим ва ғайримустақим ба ҶСК «Агроинвестбонк» солҳои 1992, 2003, 2010, 2012, 2016 вазъи молиявии он беҳтар нагардида, устувор фаъолият намудани бонк, мутаассифона, таъмин нагардид.

Фаъолияти молиявии ҶСК «Агроинвестбонк» вобаста ба пайдарпай такрор гардидани норасоиву камбудиҳо ва сари вақт пешгирӣ накардани онҳо характери системавӣ гирифта,  низоми номукаммали идоракунии корпоративӣ, дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани салоҳияти касбии шахсони роҳбарикунанда ва роҳандозӣ нашудани принсипҳои муосири менеҷментӣ, дуруст роҳандозӣ нашудани низоми назорати хавфҳо, комплаенс ва аудити дохилӣ, риоя нагардидани принсипи баҳогузорӣ ва пешниҳоди раванди қарздиҳӣ ва бизнес-протсессҳо, фаъолияти номукаммали кумитаҳо, аз ҷумла кумитаи аудит ва хавфҳо, кумитаи идоракунии дороиҳо ва уҳдадориҳо, кумитаи қарздиҳӣ ва ғайраҳо, мавҷуд будани омилҳои инсонӣ зимни қабули қарор ва дахолат дар сохтори ташкилӣ боис гардид, ки ҶСК «Агроинвестбонк» аз мавқеи бонки низомсоз ба ташкилоти қарзии ҳиссааш дар низоми бонкӣ ночиз мубаддал гардад.

Бинобар сабабҳои овардашуда нишондиҳандаҳои молиявии ҶСК «Агроинвестбонк» торафт манфӣ арзёбӣ гардида, бонк барои давом додани фаъолияти минбаъдаи худ иқтидор, имконият ва захираҳои кофиро аз даст дод. Сифатнокии дороиҳои он тадриҷан коста гардида, қисми асосии онҳо ба фаъолияти бонкӣ мансуб набуда, корҳо дар самти фурӯши гаравҳо ва тариқи пулӣ баргардонидани қарзҳо дар сатҳи паст қарор дошта, меъёрҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон тайи чанд соли охир риоя намегарданд. Дар баробари ин, зиёдшавии арзу шикоятҳо ба коста гардидани эътимоду боварии аҳолӣ ба ин Бонк ва дар умум ба низоми бонкӣ сабаб шуда истодааст.

Бо назардошти ин омилҳо ва ғайри қобили пардохт гаштани ҶСК «Агроинвестбонк» Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи бозхонди иҷозатномаи ҶСК «Агроинвестбонк» қарори дахлдор қабул кард. Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ», бо қарори суд мудири махсус таъйин мегардад ва аз лаҳзаи таъйин шудани мудири махсус ваколатҳои мақомоти идораи ташкилоти қарзӣ (маҷлиси умумии саҳмиядорон, шӯрои нозирон, раёсат, раис) қатъ гардида, ба мудири махсус мегузаранд ва ӯ ягона намояндаи қонунии ҶСК «Агроинвестбонк» ба ҳисоб меравад.

Мудири махсус дар доираи салоҳияти ихтисосии худ ба манфиати амонатдорону қарздеҳон ситонидан ва барои бегона кардани (фурӯхтани) дороиҳои бонк ва тақсими маблағҳоро бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур мусоидат менамояд. Тибқи раванди муайяншуда баробари бозхонди иҷозатнома, аз шумораи умумии пасандоздорони суғурташудаи ҶСК «Агроинвестбонк» 86 фоизи пасандоздорон, яъне 23,7 ҳазор  нафар пурра аз ҳисоби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҷуброн карда шуда, 14 фоизи дигар пасандоздорон, яъне 4 ҳазор нафар аз ҳисоби Хазина қисман ҷуброн карда мешаванд. Қисми боқимондаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҳисоби ба фурӯш баровардани дороиҳои худи бонк аз ҷониби мудири махсус тибқи тартиби муқарраршуда ба мизоҷон пардохт карда мешаванд.

Май 22, 2021 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодиро бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҳамоиши намояндагони тиҷоратии давлатҳои БРИКС ва СҲШ баргузор гардид
Имконоти зеҳни сунъӣ ва гидроэнергияи «сабз»-и Тоҷикистон ба «Goldman Sachs» муаррифӣ карда шуд
Дар ноҳияи Роштқалъа дуюмин Парки технологӣ бунёд карда мешавад
Паём – санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамо барои рушди устувори Тоҷикистон
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи энергетикии ИМА баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1200 то 0.1241 сомонӣ муқаррар шудааст
Заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Нуробод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Ҳисор 103 фоиз иҷро гардид