Имконияту зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар Шабакаи TV «O’zbekiston 24» муаррифӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи эҷодии Шабакаи давлатии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, ки аз панҷ нафар иборат аст, ҷиҳати таҳияи барномаҳои тарғибкунандаи дӯстӣ ва имконияти сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадааст.
Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳайати эҷодӣ барномаи худро бо истифода аз наворҳои тоза аз ҳаёти муосири Тоҷикистон, анъанаҳои миллӣ, корхонаҳои муштарак, дастовардҳо дар соҳаи иқтисоду сайёҳӣ, лаҳзаҳои нодир аз шиносоӣ бо фарҳанги ғании тоҷикон ва табиати нотакрори он таҳия менамояд.
Сафари ҳайати эҷодӣ 17 май оғоз гардида, то 24 май идома меёбад. Зимни сафар рӯзноманигорон аз маконҳои фарҳангию сайёҳии минтақаҳои Турсунзода, Ҳисор, Душанбе, Хатлон ва Суғд дидан менамоянд.
Аз ҷумла, ҳайати рӯзноманигорони Ӯзбекистон аз ангурбоғҳои шаҳри Турсунзода, назири боғҳои «Сомон», «Ҳоҷӣ Камол», «Ҳоҷӣ Неъмат», Қалъаи Ҳисор, «Кохи Наврӯз», Бозори «Меҳргон», Боғи Алишери Навоӣ, корхонаи муштараки саноатии «Artel» боздид намуданд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз шаҳри Турсунзода гузориш дод, ки дар сарҳади ду кишвари бо ҳам дӯст рӯзноманигорону меҳмонон бо як зумра шаҳрвандони ду кишвар суҳбат намуданд. Аз ҷониби шаҳрвандони ҳарду ҷониб зикр гардид, ки «дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дӯстиву рафоқати давлатӣ барқарор гардидааст. Ҳарчанд карантини бемории коронавирус имрӯз барои рафтуомад каме монеа эҷод кардааст, вале дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бидуни сарҳад буда, мо ифтитоҳи сарҳадро бесаброна интизорем».
Дар Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» доир ба фаъолияти хоҷагӣ, дастгириҳои муҳтарам Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати густариши токпарварӣ ва ташрифи роҳбарони олии ду давлати дӯст ба токзори хоҷагӣ суҳбат ороста шуд.
Дар хоҷагии деҳқонии «Ватан» суҳбати кишоварзи шинохта, токпарвари номӣ Неъмат Усмонов бо рӯзноманигорон ба вуқӯъ пайваст. Токпарвари шинохта иброз дошт, ки «дар Тоҷикистон маҳз бо сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллат тамоми халқҳо, аз ҷумла халқҳои бародари тоҷику ӯзбек дӯсту ҳамдилона зиндагонӣ карда, ҷиҳати пешрафт ва шукуфоии мамлакат саҳм мегузоранд».
Неъмат Усмонов ба меҳмонон доир ба фаъолияти хоҷагӣ, парвариши навъҳои гуногуни ангур ва навъҳои мухталифи дарахтони нодир, анҷоми корҳои обониву саҳми хоҷагӣ дар бунёди иншооти иҷтимоӣ маълумот манзур намуд.
Инчунин рӯзноманигорони Ӯзбекистон ба вилояти Хатлон сафар карда, мавзеъҳои таърихию сайёҳии «Чилучорчашма», «Хоҷа Машҳад» ва дар вилояти Суғд ёдгориҳои бостонии Қалъаи муғи Истаравшан, растаи ҳунармандон, хусусан кордсозони Истаравшан ва мавзеъҳои таърихии шаҳри бостонии Хуҷандро тамошо менамоянд.
Бояд зикр кард, ки рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон сол то сол раванди устувор касб карда, нуфузи кишвар дар ин самт дар арзёбиҳои минтақавию байналмилалӣ зина ба зина боло меравад. Инъикос ва тарғиби дастовардҳои сайёҳӣ, маконҳои ҷолиби таърихию фарҳангӣ, манзараҳои зебову нотакрор ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон дар расонаҳои минтақавию байналмилалӣ далели рушд ва густариши соҳаи сайёҳӣ дар баробари дигар соҳаҳо дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Расмҳо аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ










Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






