Имрӯз дар Вазорати адлия ҳамоиши ҷавонони касбу кори гуногун доир мегардад

Май 4, 2021 13:44

ДУШАНБЕ, 04.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз имрӯз дар мамлакат ҳамоишҳои ҷавонони касбу кори гуногуни вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо!» оғоз мегарданд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, имрӯз ҳамоиши ҷавонони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, то моҳи декабри соли равон ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа баргузории чунин ҳамоишҳо дар вазорату идораҳои дахлдор дар назар аст.

Дар ҳамоиши мазкур сохторҳои масъулин қабл аз баргузории ҳамоишҳо намоиши дастовардҳои соҳаи худро ба маърази тамошо гузошта, вобаста ба дастовардҳои соҳа маърӯза менамоянд ва доир ба ояндабинии соҳа ва таъмини нақши ҷавонон дар он маълумот медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар заминаи таҷлили сазовори ҷашни муқаддаси милливу давлатӣ- 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки  силсилаҳамоишҳои ҷавонони касбу кори гуногуни кишварро таҳти  унвони «Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баргузор намояд.

Мақсад аз баргузории ҳамоиш муаррифӣ намудани дастовардҳои 30 соли даврони истиқлоли мамлакат, пешрафт ва дурнамои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва таҳким бахшидани нақши ҷавонон дар рушди босуботи мамлакат мебошад.

Май 4, 2021 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин неругоҳи бодӣ бо иқтидори 200 киловатт ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент 1076 иншоот сохта ба истифода дода шудааст
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Истаравшан таъмир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби «Хуттали Қадим» аз чоп баромад
«Истиқлоли давлатӣ, озодиҳои эътиқодӣ ва оинҳои миллӣ». Таҳти ин унвон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кормандони Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино корҳои ободониро бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатӣ вусъат додаанд
Бахшида ба фаъолияти соҳаи метрологияи тоҷик Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
Сокинони деҳаи Меҳрбахши шаҳри Ваҳдат бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Қубодиён, Рӯдакӣ, Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мешаванд
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Хумгарони Панҷакент чор синфхонаи иловагӣ сохта мешавад
Студияи наву муосир дар назди рӯзномаи «Навиди сино» ба истифода дода шуд