Имрӯз дар Вазорати адлия ҳамоиши ҷавонони касбу кори гуногун доир мегардад
ДУШАНБЕ, 04.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз имрӯз дар мамлакат ҳамоишҳои ҷавонони касбу кори гуногуни вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо!» оғоз мегарданд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, имрӯз ҳамоиши ҷавонони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, то моҳи декабри соли равон ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа баргузории чунин ҳамоишҳо дар вазорату идораҳои дахлдор дар назар аст.
Дар ҳамоиши мазкур сохторҳои масъулин қабл аз баргузории ҳамоишҳо намоиши дастовардҳои соҳаи худро ба маърази тамошо гузошта, вобаста ба дастовардҳои соҳа маърӯза менамоянд ва доир ба ояндабинии соҳа ва таъмини нақши ҷавонон дар он маълумот медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар заминаи таҷлили сазовори ҷашни муқаддаси милливу давлатӣ- 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки силсилаҳамоишҳои ҷавонони касбу кори гуногуни кишварро таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баргузор намояд.
Мақсад аз баргузории ҳамоиш муаррифӣ намудани дастовардҳои 30 соли даврони истиқлоли мамлакат, пешрафт ва дурнамои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва таҳким бахшидани нақши ҷавонон дар рушди босуботи мамлакат мебошад.








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд






