Имсол дар Хуҷанд қариб 40 км роҳҳо мумфарш мегарданд

Май 22, 2021 10:14

ХУҶАНД, 22.05.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Имсол дар шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ,  мумфаршкунии қариб 40 км роҳҳои асосӣ ва кӯчаву хиёбонҳо пешбинӣ гардида, давоми моҳҳои март – апрел бо ҷалби маблағҳои буҷавӣ ва соҳибкорони ватандўст қариб 10 километр роҳҳои дорои аҳамияти дохилишаҳриву байни маҳаллаҳо асфалтпӯш гардонида шудаанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» масъулин аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, кормандони Корхонаи давлатии истифодабарии роҳҳои шаҳри Хуҷанд  бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр яке аз кӯчаҳои серҳаракати маркази вилоят — кўчаи Константин Калинников (собиқ Мичурин)-ро ба масоҳати беш аз 3000 метри мураббаъ пурра мумфарш намуда, ҳамзамон ҷўйборҳои канори онро навсозӣ ва чароғпояҳои нав низ насб намуданд.

Мумфаршкунии роҳҳо дар яке аз шоҳроҳҳои асосии маркази вилоят — хиёбони Исмоили Сомонӣ, ки ба самти роҳ ба фурудгоҳи шаҳрӣ ва истгоҳи роҳи оҳани вилоят равона гардидааст, аз қисмати мавзеи меҳмонхонаи “Эҳсон” то кӯчаи Мичурин оғоз гардид.

Айни замон корҳои мумфаршкунии роҳҳо дар қисмати ҷанубу ғарбии шаҳр дар мавзеи “Спутник” -и маҳаллаи Пахтакор низ шурӯъ гардидаанд.

Аксҳо аз дафтари матбуоти МИҲД-и ш.Хуҷанд

Май 22, 2021 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд