Иштирокчии ҶДҶ Зайнулло Алиеви 103-сола: Ба қадри сулҳу суботи Тоҷикистони осоишта бирасед!

Май 8, 2021 10:55

ДУШАНБЕ, 08.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба Раиси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён   ба аёдати иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, сокини шаҳри Бохтар   Зайнулло Алиеви 103-сола рафта, бо вазъи солимӣ ва шароити зиндагии ӯ аз наздик шинос  гардид.

Тавре аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти  Хатлон  ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, Зайнулло Алиев  дар муҳорибаҳои ҶДҶ солҳои 1941-1945 бар зидди фашизм иштирок карда, дар муҳофизати Ватан саҳми муносиб гузоштааст.

Зимни суҳбат Зайнулло Алиев   қисса кард, ки дар он рӯзҳои мудҳиши ҷанги хонумонсӯз  чӣ мушкилоти сангинеро аз сар гузаронидааст.  Аз ин рӯ  мардуми кишварро даъват менамояд, ки  ба қадри  тинҷию сулҳу суботи Тоҷикистони осоишта расида, баҳри боз ҳам обод гаштани он меҳнати фидокорона намоянд.

Зайнулло Алиев имрӯзҳо дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ ронда, аз имтиёзҳое, ки давлату Ҳукумати мамлакат баҳри иштирочиёни ҶДҶ муқаррар намудааст, истифода мебарад.

Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Хатлон ба ӯ як миқдор маблағи пулӣ низ кумак карданд. Қиёмиддин Миралиён  зимни суҳбат гуфт, ки таърих заҳмату ҷонбозиҳои шахсиятҳои ватандӯстро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард ва насли ҷавон аз корнамоиҳои шумо барин инсонҳои фидоӣ мефахрад.

Май 8, 2021 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид