Иштирокчиёни ҶДҶ дар Ҳисору Турсунзода ва шаҳри Норак аз кумакҳои Пешвои миллат баҳраманд шуданд
ҲИСОР, 07.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 чун анъанаи неки ҳарсола дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони ваколатдор дар ҳайати Сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Маҷидзода ва намояндагони Мақомоти иҷроияи Турсунзодаю Ҳисор бо мақсади аёдат ва дидорбинӣ ба манзилҳои истиқоматии иштирокчиёни ҶДҶ дар шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода рафтанд.
Гурӯҳи корӣ аз аҳволи иштирокчиёни ҷанг пурсон шуда, табрикоти Пешвои миллатро ба самъашон расониданд ва ба маблағи 10 000 сомонӣ ба ҳар яке бо дастагулҳои зебо аз номи Президенти кишвар туҳфаҳои пулӣ тақдим намуданд. Инчунин аз тарафи мақомоти иҷроия барои ҳар кадоме туҳфапулӣ тақдим карда шуд.
Собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ барои дастгирии навбатӣ ба Ҳукумати мамлакат арзи сипос намуда, ҷиҳати шукуфоӣ ва фардои дурахшони Ватан дуои хайр намуданд.
Ҳамзамон дар арафаи ҷашни зафар намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашоҳ Вализода ва раиси шаҳри Норак Дилшод Асозода ба манзили иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Малах Гулов ба шаҳри Норак рафта, мавсуфро бо фарорасии 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрику таҳният гуфтанд ва барояш сиҳатмандии комил ва хотири ҷамъу осуда таманно намуданд.
Тибқи иттилои роҳбари Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Норак Алимурод Исмоилзода, ба аёдатшуда кумакпулии якдафъаинаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 10000 сомонӣ, кумакпулии раиси вилояти Хатлон ба маблағи 2500 сомонӣ ва кумакпулии раиси шаҳри Норак ба маблағи 1500 сомонӣ тақдим карда шуд.
Иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонии аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ба Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, дар ҳаққи давлату миллат ва мардуми сарбаланди кишвар дуои нек карданд.
Бояд гуфт, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои шадид иштирок намуда, 92 ҳазор нафари онҳо барои дифои Ватан дар майдони ҷанг далерона ҷон супурданд. 58 ҳазор нафар барои шуҷоату далерӣ бо нишону орденҳои давлатӣ ва 54 нафар бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро сазовор гардидаанд.
АКСҲО аз мақомоти иҷроияи ҳокимиятҳои давлатии Турсунзода, Ҳисор ва шаҳри Норак











Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд






