Қисмати «Б»-и бинои Беморхонаи марказии ноҳияи Нуробод – таваллудхона мавриди истифода қарор мегирад

Май 31, 2021 16:49

НУРОБОД, 31.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади  дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатӣ  дар арафаи ин ҷашни миллӣ  қисмати «Б»-и  бинои беморхонаи марказии ноҳияи Нуробод мавриди баҳрабардорӣ қарор  дода мешавад. Бинои мазкур барои таваллудхонаи марказии ин ноҳияи кӯҳистони мамлакат пешбинӣ шудааст.

Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ба хабарнигори АМИТ “Ховар” Субҳониддини Маҳмуд гуфтанд, ки корҳои пардозкунии қисмати “б”-и  беморхонаи марказии шаҳраки Дарбанд  соли сипаришуда  оғоз гардидааст. Айни замон дар қисмати берунии бино  корҳои рангуборкунӣ ба анҷом расида, чунин амал  дар дохили бино  ва  корҳои ободонию сабзазоркунӣ дар атрофи он бомаром идома доранд. Маблағгузори иншооти мазкур  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  буда, корҳои сохтмонии онро  ҶДММ “Рамзес” ба ӯҳда дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Нуробод дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, сармоягузорон ва  соҳибкорону сокинон  дар доираи ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатӣ 248 иншооти таъйиноти  гуногунро бунёд мешавад. Аз ин теъдод  185 иншоот   мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта,  корҳои сохтмонӣ дар 63 адади он  идома дорад.

Тибқи иттилои масъулин,  ба ҳолати якуми майи соли равон дар ин иншоот 246 ҷойҳои кори доимӣ ва мавсимӣ муҳаё гардидаанд.

АКС аз муаллиф

Май 31, 2021 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд