ИСТИРОҲАТИ ТОБИСТОНА ФАРО МЕРАСАД. Имсол 2571 фароғатгоҳ кӯдаконро ба оғӯш мегиранд

Май 24, 2021 15:00

ДУШАНБЕ, 24.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. То анҷоми соли хониши 2020-2021 рӯзҳои башумор боқӣ монда, соли равон барои  муташаккилона гузаронидани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон тақрибан  2571 истироҳатгоҳ  пешбинӣ шудааст.  Дар мавсими имсола дар лагерҳои алоҳида то 3 баст истироҳати кӯдакону наврасон ба нақша гирифта шуда, дар маҷмӯъ зиёда аз 200 ҳазор нафар кӯдакону наврасон аз ҳисоби маблағҳои ҷудонамудаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, иттифоқҳои касаба, корхонаву муассисаҳо, ташкилоти сарпарастон ба истироҳату солимгардонӣ  фаро гирифта  мешаванд.

 Тавре  аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иброз доштанд,  ҳар сол дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар сатҳи ҷумҳурӣ ташкил карда мешавад.

“Соли 2020 вобаста ба пайдоиш ва паҳншавии сирояти коронавируси КОВИД-19 дар ҷумҳурӣ ин гуна истироҳат мавқуф гузошта шуд. Бо назардошти ба эътидол омадани  вазъи эпидемиологӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва таҳти назорати қатъии санитарию эпидемиологӣ қарор доштани ҳудуди санитарии кишвар аз воридот ва   эҳтимолияти пайдошавии ҳодисаҳои нави сироят, дар асоси омӯзишҳои ҳамаҷониба, инчунин вобаста ба иҷрои муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2021” аз 27 марти соли 2021 бо назардошти дар истироҳатгоҳҳо пешбинӣ намудани таъмини талаботи беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, мавҷуд будани нуқтаи тиббӣ, аз ҷониби роҳбарияти муассисаҳои истироҳатӣ гирифтани хулосаи зарурии мусбати мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии ҳудуди маъмурӣ, ташкили муоинаи тиббии  ҳайати кормандон ва хизматрасони истироҳатгоҳҳо бо назардошти озмоиши вирусологӣ нисбат ба сирояти КОВИД-19 барои ҳайати кормандон ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон мувофиқи мақсад дониста шуд”,-афзуд манбаъ.

Айни ҳол аз ҷониби ташкилоти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҷиҳати ташкил ва гузаронидани истироҳати тобистона ва солимгардонии кӯдакону наврасон дар соли 2021 омодагиҳо вусъат меёбанд.

Дар ҳамкорӣ  бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазорату идораҳо ва  ташкилоти муттасаддӣ бояд бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар мавсими тобистонаи имсола тадбирҳои зарурӣ андешида, ба фарогирии кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони қобилиятнок, кӯдакони кормандони соҳаи кишоварзӣ  ва кӯдаконе, ки дар муассисаҳои давлатии таълимии мактаб-интернатҳои вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таҳти таъминоти давлат қарор доранд, ба истироҳату солимгардонӣ  таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

         АКС аз ФИКМТ

Май 24, 2021 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд