Кишоварзони Лахш имсол дар зиёда аз 5000 гектар картошка кишт мекунанд
ЛАХШ, 23.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Лахш мақсад доранд, ки соли 2021 аз боду ҳавои мусоид истифода бурда, дар майдони зиёда аз панҷ ҳазор гектар картошка кишт намоянд.
Тибқи дурнамои рушди соҳаи кишоварзии ноҳияи Лахш, ки дар мувофиқа бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, бе назардошти заминҳои президентӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ, имсол дар 3150 гектар картошка, дар 966 гектар ғалладонагӣ ва дар 125 гектар сабзавот кишт карда мешавад.
Тибқи иттилои раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Лахш Суҳбатулло Саидаминзода, имсол ҳамзамон дар ноҳия дар зиёда аз 2 ҳазор гектар-дар 1027 гектар заминҳои президентӣ ва 1039 гектар қитъаҳои наздиҳавлигие, ки бо оби полезӣ таъмин мешаванд, картошка кишт мешавад.
Мудири шуъбаи кишоварзии ноҳияи Лахш Нусратулло Латипов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иброз дошт, ки дар ноҳия 1716 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, мавсими корҳои саҳроӣ, аз ҷумла шудгор, кишти ғалла дар заминҳои лалмӣ, кишти картошка, шинондани ниҳолҳо ва бунёд намудани боғҳо бомаром идома дорад. Кишоварзони ноҳияи Лахш аз супориши Президенти мамлакат бобати аз пардохти андози ягонаи замин озод кардани кишоварзон рӯҳбаланд гардида, то имрӯз дар сохтори кишоварзӣ дар зиёда аз 2100 гектар картошка кишт намудаанд. Ин имтиёз аз ҷониби Сарвари давлат бо мақсади дастгирии деҳқонону боғдорону картошкапарварони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ сурат гирифта, аз кишоварзон масъулияти баланд ва заҳмати дучанд тақозо менамояд.
Муовини раиси ноҳияи Лахш Акрам Асомиддинзода зикр намуд, ки заҳматкашони ноҳияи зебоманзари Лахш баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, дар самти зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва фаровонии бозори истеъмолӣ саҳм мегузоранд. Ин аст, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар семоҳаи аввали соли 2021 9 миллиону 779,9 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 459,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Роҳбари идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Лахш Суйун Тиллобоев гуфт, ки ҷиҳати таъмини 4090 гектар заминҳои корам бо оби полезӣ аз тирамоҳи соли 2020 тавассути созмонҳои хориҷӣ корҳои таъмиру барқарорсозии иншооти обрасонӣ дар каналҳои Ғулама, Пиёзӣ, Ҷонқирғиз, Сартало ва Ҷилондӣ тариқи ҳашарҳои дастаҷамъона ва техникаҳо оғоз шуда буданд. Хушбахтона, то имрӯз бо ҷалби кори мавсимии 1300 нафар сокинони ноҳия тариқи дастӣ 80 км каналро аз лой ва сангу кум тоза намудаанд. Айни замон каналҳои мазкур барои таъмини заминҳо бо оби полезӣ омода мебошанд.
Сокинони ноҳияи Лахш имсол захираи пурраи тухмии картошка доранд. Танҳо дар сохтори кишоварзӣ 12 ҳазору 360 тонна картошкаи хушсифати тухмӣ захира шуда буд, ки айни замон аз он кишт намуда истодаанд. Масъулини шуъбаи кишоварзии ноҳияи Лахш гуфтанд, ки мувофиқи боду ҳавои минтақа 60 фоизи кишоварзон картошкаи маҳаллии навъи “Тоҷикистон-24” ва 20 фоизи дигар картошкаи навъи “Сурхоб” мекоранд. Дар заминҳои боқимондаи кишоварзӣ навъҳои гуногуни воридотӣ- “Пикасо”, “Манифей” ва дигар намуди тухмиҳо барои таҷриба ва санҷиш кишт карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар нохияи Лахш 4475 гектар замини корами обӣ ва 1802 замини корами лалмӣ мавҷуданд, ки стибқи супориши Сарвари давлат самаранок истифода бурда мешаванд.
АКС аз МИҲД ноҳияи Лахш








Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»






