Корвони китобҳои тозанашри «Адиб» бори аввал ба Панҷакент меравад
ДУШАЕБЕ, 17.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 18 май, дар рӯзи таҷлили 80-солагии Лоиқ Шералӣ корвони китобҳои тозанашри «Адиб», ки фарогири 200 номгӯй китоб ва 6000 адад китоб мебошад, ба шаҳри Панҷакент меравад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Корвони мазкурро директори муассисаи «Адиб», шоир Давлат Сафар роҳбарӣ менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки фурӯши китобҳои нашриёти «Адиб» бори аввал дар шаҳри Панҷакент барпо карда мешавад.
Харидорон метавонанд бо нархи дастрас силсилаи «Ахтарони адаб», хосатан осори С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, М. Қаноат, Л. Шералӣ, Ҷ. Икромӣ, Низом Қосим, Рустами Ваҳҳоб, Нодири Нодирпур, Халилуллоҳ Халилӣ, Муҳаммад Иқбол ва дигар адибони классику муосирро дастрас намоянд.
Маблағи ба даст омада барои чопи ҷилди дуюми «Куллиёт» ва «Девони ҷавонӣ»-и устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ сарф карда мешавад.








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






