Корвони кумакҳои башардӯстонаи ноҳияҳои Тоҷикобод, Лахш, Сангвор, Рашт ва Нуробод ба Кӯлоб расид

Май 17, 2021 14:01

КӮЛОБ, 17.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади расонидани ёрии амалӣ  ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи  шаҳри  Кӯлоб корвони кумакҳои  башардӯстона аз ноҳияҳои Тоҷикобод,  Лахш, Сангвор, Рашт  ва Нуробод  ба шаҳри Кӯлоб    ворид гардид.

Кумакҳои воридгардида аз маводи хӯрокӣ, либос, пойафзол, рахти хоб, картошка, пиёз  ва масолеҳи сохтмонӣ иборат буда,  зиёда аз 40 тоннаро дар бар мегиранд. Тавре  мудири бахши  матбуоти  мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри Кӯлоб  Дилором Файзова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Сулаймони Хол иттилоъ дод,  бо дастуру супоришҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза   ба сокинони аз офати табии зарардида аз  вилоятҳо ва  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ кумак расонида мешавад.

«Баъди ба вуқӯъ пайвастани  офати табиӣ  ба сокинони шаҳри Кӯлоб  аз вилоятҳои Суғду Бадахшон, Хатлон  ва дигар шаҳру тобеи марказ кумакҳои башардӯстона расонида шуданд, ки он мушкили  шаҳрвандонро хеле осон гардонид. Ҳоло зарардидагон  бо хаймаҳои муваққатӣ, рахти хоб,  хӯрокӣ, сару либос, пойафзол, нуктаи тиббӣ  ва дигар шароит таъмин мебошанд»,- афзуд Дилором Файзова.

Ба зикри ҳамсуҳбати мо, инчунин шоми 12 май аз ҷониби  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корвони кумакҳо   барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида, аз қабили   40 т орд, 20 т биринҷ, 10 т равған, 40 т картошка, 40 т пиёз, 20 т шакар, 1 т гӯшт, 20 т арматура, 1 т мех, 5000 метри кубӣ бомпӯш,  200 куб тахта, 100 т семент, 1200 адад ҷиҳози рахти хоб  расонида шуд.

Ҳоло баҳри бартараф намудани офати табиӣ  масъулини  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Кӯлоб,  идораи беҳдошти замин ва обёрӣ  ва Муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Кӯлоб  корҳои барқарорсозиро идома дода, каналу ҷӯйборҳоро  аз оби лойқа тоза намуда истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки 11 май дар натиҷаи омадани сел 3 нафар сокини  шаҳри Кӯлоб  ба ҳалокат расида, даҳҳо  хонаҳои истиқоматии сокинон, садҳо метр роҳҳои  мошингарди маҳаллӣ, роҳи автомобилгарди  маркази шаҳр, иншооти маданию маишӣ ва хизматрасонӣ, 4 пули мошингузар ва чорвои шаҳрвандон талаф ёфтанд.  Корҳои барқарорсозӣ дар ин самт идома  дошта, кормандону донишҷӯёни ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу коллеҷҳо дар бартараф сохтани офати табиӣ саҳм гузошта истодаанд.

АКС: аз муаллиф

Май 17, 2021 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд