КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо ташхисгоҳҳои сайёри оби нӯшокӣ таъмин гардид

Май 14, 2021 13:25

ДУШАНБЕ, 14.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз ҷониби Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ба Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» 18 адад ташхисгоҳҳои сайёри оби нӯшокӣ супорида шуданд.

Дар маросими супоридани ташхисгоҳ  сардори Раёсати робитаҳои иқтисоди хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Абдуқодир Файзуллоев ва директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Саломе Штайб сухан намуданд.

Сардори Раёсати робитаҳои иқтисоди хориҷӣ ва тадбиқи лоиҳаҳои сармоягузории КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»  Абдуқодир Файзуллоев гуфт, ки бо дархости КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронависи КОВИД-19, инчунин дигар бемориҳои сироятии ба воситаи оби нӯшокӣ гузаранда, ба хотири бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имрӯз Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон 18 адад ташхисгоҳҳои сайёри оби нӯшокиро тариқи ройгон супорид. Ташхисгоҳҳо ба маблағи зиёда аз 1 миллион сомонӣ аз ҷониби Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон харидорӣ шуда, ба корхонаҳои обтаъминкунии тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», воқеъ дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ тақсим карда мешаванд.

Абдуқодир Файзуллоев иброз дошт, ки айни замон таъмини истеъмолкунандагон бо оби мутамаркази оби нӯшокӣ дар саросари кишвар аз ҷониби 80 корхонаи махсуси обтаъминкунӣ, ки тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» мебошанд, амалӣ карда мешавад. Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо истифода аз имконот дар доираи «Барномаи беҳтар намудани аҳолии ҷумҳурӣ бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2021» ва дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 тамоми тадбирҳоро андешида истода, аҳолии ҷумҳуриро бо оби тозаи нӯшокӣ дар ҳаҷми зарурӣ таъмин намояд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бори дигар ба Дафтари ҳамкории Швейтсария барои  ҳамкории пурсамар дар барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагӣ ба ҳамкорӣ дар ин самт изҳори сипос менамояд.

Инчунин дар ҷамъомад зикр шуд, ки барои истифодаи дурусти ташхисгоҳҳо соли равон ба мутахассисони  корхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо маблағгузории Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Фонди Оғохон  курсҳои омӯзишии дахлдор гузаронида шуд.

Дар маросими супоридани таҷҳизот директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Саломе Штайб, муовини ӯ Ришар Шеневар, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Ҳакимзода, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Зуҳурзода ва намояндаи Агентии Оғохон дар Тоҷикистон   иштирок доштанд.

Май 14, 2021 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд