Мӯди баланди Тоҷикистон Дубайро мафтун мекунад

Май 22, 2021 11:29

ДУШАНБЕ, 22.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тамғаҳои мӯди Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ART meets FASHION», ки 20-23 май дар АМА баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Дар байни намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон муассиси бренди ZHIWJ Нафиса Имронова низ ҳаст. Вай тавонист бо дастгирии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба Дубай сафар кунад.

«ART meets FASHION» якҷоя якчанд ҳафтаи мӯдро муттаҳид намудааст — Tajikistan Fashion Week, Kazakhstan Fashion Week, Azerbaijan Fashion Week ва инчунин Oriental Fashion Show.

Бори аввал брендҳои Тоҷикистон ба ин намоиши байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, коллексияҳои нав намоиш медиҳанд. Бисёре аз онҳо таҳти таъсири анъанаҳои мардуми тоҷик офарида шудаанд. Ҳамин тавр, либосҳои дарози услубӣ ва ҷомаҳои беостини Нафиса Имронова бо рангҳои шинохта ва нақшҳои миллии худ фарқ мекунанд.

«Соли дуюм аст, ки ман имкон дорам орзуи худ — бо фарҳанги бойи тоҷикон шинос намудани олами мӯдро ба анҷом расонам. Соли 2020 бо шарофати дастгирии «МегаФон Тоҷикистон» коллексияии маро дар Париж ва ҳоло — дар Дубай тамошо карданд. Боварӣ дорам, ки «сабки тоҷикӣ» дар тамоми ҷаҳон боз ҳам маъмултар хоҳад гашт!»- мегӯяд Нафиса Имронова.

«Анъанаи ширкати мо- дастгирии варзишгарон, навозандагон, тарроҳони боистеъдоди Тоҷикистон аст. Фаъолияти онҳо на танҳо анъанаҳои беҳтарини миллиро идома медиҳад, балки «робитаи мустаҳками» байни халқҳо мегардад. Танҳо ба либосҳои аҷиби Нафиса назар андозед: онҳо чунон зебоанд, ки занони тамоми қораҳо мехоҳанд онҳоро дар бари худ дошта бошанд! Хеле гуворо хоҳад буд, агар мӯди тоҷикӣ оғози шиносоии наздики сокинони кишварҳои дигар бо ҷумҳурии мо шавад», — мегӯяд Валентина Бутник, PR Директори «МегаФон Тоҷикистон».

                                           АКС аз манбаъҳои боз

Май 22, 2021 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд