Маҷлиси намояндагон ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуд

Май 5, 2021 15:10

ДУШАНБЕ, 05.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи банди 2-и фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2020 муқаррар гардидааст, ки уҳдадориҳои Вазорати молия дар назди Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012,  ба муҳлати 10 (даҳ) сол тамдид карда шуда, меъёри фоизи онҳо аз нав ба расмият дароварда шавад. Мутобиқи қарори мазкур, қоғазҳои қиматноки давлатӣ ба маблағи   1 000 000 000 (як миллиард) сомонӣ бо меъёри 2 (ду) фоизи солона ба муҳлати 10 (сол) бароварда шуданд. Яъне, аз рӯи векселҳои нави баровардашуда ҳар сол 2-фоизӣ пардохт шуда, дар соли охир — соли 2030 маблағи асосӣ пурра пардохт мегардад. Ин матлаб имрӯз зимни баргузории иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баён гардид.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021», Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумурии Тоҷикистон барои соли 2021» Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб иброз намуданд, ки тибқи лоиҳаи Қонуни пешниҳодгардида, даромад аз ҳисоби андози низоми содакардашудаи буҷети маҳаллӣ ба маблағи 139,8 млн. сомонӣ кам ва андоз аз арзиши иловашудаи берунӣ ва аксизҳои берунии буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳамин маблағ зиёд карда мешавад.

Ҷуброни маблағи коҳишёфта аз ҳисоби андози ягонаи замин дар моддаи 10 бо роҳи ҷудо намудани маблағҳои дотатсионӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ дар ҳаҷми 139,8 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар маҷмўъ касри буҷет ба маблағи 273,2 млн. сомонӣ ё 0,3 фоиз аз ҷумла, аз ҳисоби хароҷоти нигоҳдории намояндагиҳои дипломатӣ ва пардохти аъзоҳаққиҳо ба маблағи 8,4 млн. сомонӣ, хизматрасонии қарзи берунаи давлатӣ ба маблағи 68,3 млн. сомонӣ ва бо мақсади таъмини уҳдадориҳои молиявӣ дар доираи қарордодҳои дар соли 2020 басташуда, нақшаи маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳаҷми 196,5 млн. сомонӣ зиёд карда шудааст.

Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба вакилони мардумӣ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва вакили мардумӣ  Фозил Обидзода муаррифӣ намуда, изҳор доштанд, ки мувофиқи шартномаҳои байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» векселҳои баровардашуда тибқи қонунгузории амалкунанда дар Бонки миллӣ қарор доранд.

Таҷриба нишон дод, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» дар ин давра имконияти молиявии хизматрасонии векселҳои давлатиро пайдо накард.

Пешниҳоди мазкур ба моддаи 57 ва 75 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад», мутобиқ мебошад.

Оид ба масъалаи ниҳоии рӯзнома-лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин  Рустам Латифзода иброз доштанд, ки мақсади таҳияи лоиҳаи мазкур мукаммалгардонии меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он», мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти дахлдор дар соҳаи ғалла ва маҳсулоти коркарди он мебошад.

АКСҲО  аз Маҷлиси намояндагон

Май 5, 2021 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
ҲАМОВОЗӢ. Дар Парлумон оид ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ҳамоиш доир гардид
ФАЗОИ ДИНӢ ВА ТАҲДИДУ ХАТАРҲОИ МУОСИР. Ҳамовозӣ ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин