Маҳмадтоир Зокирзода бо Қосим Жомарт Токаев мулоқот намуд

Май 20, 2021 15:25

ДУШАНБЕ, 20.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон  Қосим Жомарт Токаев мулоқот намуд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар тамоми арсаҳо баррасӣ шуданд.

Раиси Маҷлиси намояндагон  зимни  нишаст таъкид намуд, ки халқҳои Тоҷикистон ва Қазоқистонро анъанаҳои таърихии дӯстӣ, эҳтироми тарафайн ва муносибати бениҳоят хайрхоҳона ба ҳам мепайванданд.

Дар ноил шудан ба чунин сатҳи муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон, албатта, хидмати бузурги Пешвои миллати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти нахустини Қазоқистон — Елбаси, Нурсултон Абишевич Назарбоеви муҳтарам калон мебошад.

«Дар тӯли солҳои истиқлол ҳамкории кишварҳои мо дар тамоми соҳаҳои муҳимтарини ҳаёт босуръат рушд карда истодааст. Чаҳорчӯбаи ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки зиёда аз 100 санадро дар бар мегирад, тақрибан тамоми ҷанбаҳои ҳамкории моро фарогир аст. Аз ҷумла, Созишнома дар бораи асосҳои муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз соли 1993, Эъломия дар бораи рушди минбаъдаи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз соли 2000 ва албатта, Созишнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар соли 2015 ҳуҷҷатҳои бунёдии муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар мебошанд»,-баён дошт Маҳмадтоир Зокирзода.

Мавсуф ҳамчунин иброз намуд, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ки аъзои он мебошанд, ҳамкории зич доранд. «Боварӣ дорам, ки парлумонҳои мо метавонанд дар таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарӣ саҳми сазовор гузоранд»,-гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон муносибатҳои самимонаи дӯстонаро дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар шакли бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалии парлумонӣ ва пеш аз ҳама, дар фаъолияти Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ ва Ассамблеяи парлумонии СААД  густариш медиҳанд.

Бо мақсади рушду таҳкими минбаъдаи робитаҳои дуҷониба байни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Маҷлиси Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон дар парлумон Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис дода шудааст.  Дар ин замина, Маҷлиси намояндагон омодагии худро барои тамоси доимӣ байни Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Маҷлиси Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон изҳор менамояд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи азми минбаъдаи хеш баҳри таҳким ва ғанӣ гардонидани робитаҳо дар самти башардӯстона, ки ҳоло далели равшани сатҳи баланди алоқаҳои мавҷудаи таърихии маънавию фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон маҳсуб мешаванд, изҳори назар карданд.

АКС аз  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ

Май 20, 2021 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Маҷлиси Олӣ — Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид
1 октябр иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мешавад
1 октябр ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон ва робитаҳои байнипарлумонӣ ҷаласа доир шуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он низоми ҳуқуқии мамлакатро дар асоси манфиатҳои миллӣ ташаккул медиҳад
1 октябр иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ вориди шаҳри Бишкек шуданд
Маҷлиси намояндагон дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо озмуни ҷумҳуриявӣ эълон менамояд