МАКТАБИ БУЗУРГЕ, КИ АРЗИШҲОИ БАЛАНДИ ИНСОНӢ МЕОМӮЗАД. Дар Бӯстон Рӯзи байналмилалии оиларо бошукӯҳ таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 14.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар тарабхонаи “Хушбахтӣ»-и шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳамасола 15 май таҷлил карда мешавад, ҷамъомади тантанавӣ доир гардида, дар он оилаҳои собиқадор, намунавӣ, дорои касбу кори гуногун ва оилаҳои ҷавон ширкат намуданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода кулли ҳозиринро ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила таҳният гуфта, аз раванди дастгириҳои давлатии оилаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон ба масъалаҳои гиромидошти беҳтарин арзишҳои оилаву оиладорӣ, баланд бардоштани мақоми оила дар ҷомеа, ҳифзу нигаҳдории оила ҳамчун асоси ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида истодааст.
Зикр шуд, ки дар мамлакат зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳимояи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии оила, волидайн ва кӯдак бо қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва таҳияи барномаҳои милливу соҳавӣ дастгириву ғамхории аввалиндараҷа зоҳир гардида истодааст. Дар сатҳи Конститутсияи кишвар муқаррар гардидани меъёри “Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад”, қабул ва мавриди амал қарор гирифтани силсиласанадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз қабили барномаву стратегия ва консепсияҳо, муқаррар намудани имтиёзҳо ба оилаҳо ва амсоли инҳо шаҳодати гуфтаҳои боло аст.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд, ки «оила ҳамчун падидаи иҷтимоиву ҳуқуқӣ маҳаки асосии ҷамъиятро ташкил дода, дар сатҳи Конститутсияи кишвар барои ҳифзи он ва таҳти ғамхории махсуси давлат фаро гирифтани модару кӯдак аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд». Аз таърихи афкори ҷамъиятӣ ва иҷтимоии халқи тоҷик равшан аст, ки гузаштагони мо оила ва оиладориро муқаддас дониста, барои ҳифзи ҳамаҷонибаи он ҳамеша кӯшиш мекардаанд.
Муқаддас будани оила, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки он барои бунёди хонаводаи солим асос мегузорад ва дар камолоти насли нави авлод нақши муассир дорад. Доир ба оилаву оиладорӣ гузаштагонамон андешаҳои хеле арзишманд баён доштаанд. Гуфтор ва хулосаҳои эшон моро ба он андеша водор менамояд, ки бунёди ҷомеаи солим ва умедбахш ҳамеша аз оилаи солим вобастагӣ дорад. Оила мактаби бузургест, ки арзишҳои баланди инсонӣ омӯхта, дар камолоти маънавии ҷомеа нақши назаррас дорад. Ҳамчунин оила нишонаи ҷомеаи пешқадам ва пешрав маҳсуб меёбад, ки дар ин маврид андешаҳои ҷолиби Сарвари давлат баён гардидаанд. Инсонгароӣ, муҳаббат ба ватану модар, бузургдошти арзишҳои милливу маънавӣ ва кулли хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳз дар оилаи солим ташаккул меёбанд. Дар оила инсон имкон меёбад, ки нахуст асолат ва ҷавҳари одамият дарёбад, таҷрибаи зиндагӣ андӯзад ва маърифаташро равнақу такомул бахшад.
Аз қадимулайём мардуми тоҷик дорои анъанаҳои ибратбахши оиладорӣ буда, дар ҳар давру замон ба хонавода ва аҳли оилаву авлод аҷр мегузоштанд. Аз ин рӯ, бо назардошти хусусият ва маърифату маданияти ин ё он оила онро бо насаби бузурги сардори оила ном мегиранд. Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи вазифаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунанд.
Баъдан дар фазои тантанавӣ дар ҳузури раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода маросими сабти давлатии ақди никоҳи як оилаи навбунёд ва сабти давлатии таваллуди кӯдак дар оилаи ҷавон сурат гирифта, роҳбари шаҳр ба ин оилаҳои ҷавон шаҳодатномаҳои ақди никоҳ, таваллуди кӯдак ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Баҳри болидахотирии иштирокдорон барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш карда шуд.
АКСҲО аз МИҲД- и ш. Бӯстон










Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад






